Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Дар ин мақом агар ме мақом бояд кард,

Дар ин мақом агар ме мақом бояд кард, Ба кори хеш накӯтар қиём бояд кард. Ба ҳар чӣ хуштарат ояд зи номҳо, танро Ба феъли хеш бад-он ном ном бояд кард. Ки номи некӯ мурғест, феъли некаш дом, Зи феъли хеш бад-ин мурғ дом бояд кард. Зи хӯи неку хирад дар раҳи муруввату фазл Мар-аспи танро зину лагом бояд кард. Бад-ин лагому бад-ин зин-т нафси бадхӯро Дар ин мақом ҳаме нарму ром бояд кард. Агар дилат бишкастаст санги маъсияташ, Дили шикаста ба тоат лаҷом бояд кард. В-агар саломат хоҳӣ зи ҷаҳл, бар дари ақл Салом бояд карду мақом бояд кард. Агар хирад набувад, хубу бад надонад кас Ба зоти хеш, ки ӯро кадом бояд кард. В-агар карим шавад орзу-т ному лақаб, Каримворат феъли киром бояд кард. Ҷафову ҷавру ҳасадро ба табъ, дар дили хеш Нафуру зишту баду сарду хом бояд кард. Чу бар ту даҳр ба офоти худ зиҳом кунад, Туро ба сабр бар ӯ қасди шом бояд кард. Ба феъли неку ба гуфтори хуб пушти адӯ Чу оқилони ҷаҳон зери бом бояд кард. Сафеҳро ба сафоҳат ҷавоб бозмадеҳ, Зи бевафо ба вафо интиқом бояд кард. Агар замона ба гурге диҳад инонашро, Бар ӯ зи баҳри саломат салом бояд кард. В-агарчи хос бувӣ, хештан зи баҳри салоҳ Миёни ом чу эшон-т ом бояд кард. Ба қасду амд чу чизе ҳалол дорад даҳр, Ба сӯи хеш мар-онро ҳаром бояд кард. Ҷаҳон ба мардуми доно тамом бояд шуд, Пас, ин марову туро ме тамом бояд кард. Ба боғи дини ҳақ андар зи баҳри бори хирад Забон-тро ба баён чун ғамом бояд кард. Рух аз набиди масоил ба зери гулбуни илм Ба қолу қил ҳаме лаълфом бояд кард.