Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Он кун, эй ҷӯёи ҳикмат, к-аҳли ҳикмат он кунанд,

Он кун, эй ҷӯёи ҳикмат, к-аҳли ҳикмат он кунанд, То бад-он душворҳо бар хештан осон кунанд. Ҷуз ки дархӯрди хирад сӯҳбат надоранд аз буна, Бар ҳамин қонун, ки дар олам ҳаме аркон кунанд. Тоати аркон бибин мар-чарху анҷумро ба табъ, То ба тоат чарху анҷумшон ҳаме ҳайвон кунанд. Чархро анҷум ба сони дастҳои чобуканд, К-аз латофат хоки беҷонро ҳаме боҷон кунанд. Дастҳои осмонанд ин, ки бо ин бандагон Он худовандон ҳаме эҳсонҳо алвон кунанд. Чашмҳои оламанд инҳо, ки чун дар хоки хушк Бингаранд, ӯро ҳаме пурдурру пурмарҷон кунанд. Ин шигифтӣ бин, ки дар найсон зи бас нақшу нигор Хоки бустонро ҳаме з-ин зинати бустон кунанд. Ин нишониҳост мардумро, ки инҳо медиҳанд, Сӯи гавҳарҳо, ки ме дар хоку куҳ пинҳон кунанд. Гар надидӣ аршрову ҳомилони аршро, То ба гирдаш бар чӣ сон ҳамвора ме ҷавлон кунанд. Арши туст ин хоку афлоку кавокиб гирди ӯ, Рӯзу шаб ҷавлон ҳаме ҳамвора бар даврон кунанд. Подшоҳӣ ёфтастӣ бар наботу бар сутур, Ҳарчӣ гӯӣ, он кунед, он аз буни дандон кунанд. Бингар онро дар рукӯъу бингар инро дар суҷуд, Пас, ҳамин кун ту зи тоатҳо, ки ме эшон кунанд. Ин ишоратҳои халқиро тааммул кун ба ҳақ, К-ин ишоратҳо ҳаме зӣ тоати Яздон кунанд. Пеша кун имрӯз эҳсон бо фурӯдастони хеш, То забардастон-т фардо бо ту низ эҳсон кунанд. Бандаи бадро худовандон ба ташна, гурсуна Бар азоби оташи меъда ҳаме бирён кунанд. Пас, ту бадбанда чаро эмин нишастастӣ? Аз он-к Ҳамчунин фардо бар оташ мар-туро қурбон кунанд. Аз набиди ҷаҳл чун мастони беҳушанд халқ, Ту, ки ҳушёрӣ, макун коре, ки ин мастон кунанд. Гӯшт, ар ганда шавад, ӯро намак дармон бувад, Чун намак ганда шавад, ӯро ба чӣ дармон кунанд? Бо сабуксорон аз оли Мустафо чизе магӯй, З-он ки ин ҷуҳҳол худ беабр ме борон кунанд.