Ҷуз ки ҳушёр ҳакимон хабар аз кор надоранд,
Ҷуз ки ҳушёр ҳакимон хабар аз кор надоранд,
Ки фалак бози шикор асту ҳама халқ шикоранд.
На аҷаб, гар набувадшон хабар аз чарху зи кораш,
К-аз ҳарисию ҷаҳолат ҳама дар хобу хуморанд.
Барзкорони ҷаҳонанд ҳама рӯзу ҳама шаб,
Ба ҷуз аз маъсияту ҷавр надарванду накоранд.
Чун дарахтони баборанд ба дидор, валекин
Чун ба кирдор расад, яксара беданду чаноранд.
Ғадру макр аст басе бар сари ин халқ фалакро,
Ки ба ҷуз аҳли хирад тоқати он макр надоранд.
Эй хирадманд, гумон бар, ки ҷаҳон хуб дарахтест,
Ки бар ӯ аҳли хирад хушмазаву бӯи симоранд.
Бал кишоварз Худой асту дар ӯ кишт ҳакимон,
В-андар ӯ ин ҷуҳалошон ба масал чун хасу хоранд.
Ҷуз ки озору хиёнат нашиносанд, азеро
Ба бадий феъл чу морону чу мушон ба шиоранд.
Гар биёбанд зи тақлид ҳисоре ба ҷаҳолат,
Аз тани хешу сари ин ҳукамо гард бароранд.
Масал аст ин, ки чу мушон ҳама бекор бимонанд,
Данашон гираду оянду сари гурба бихоранд.
Девашон сӯи биёбон бинамудаст тариқе,
З-ин сабаб раҳ ба суи шаҳр ҳаме рафт наёранд.
Бибуриданд зи пайғамбару аз олу табораш,
З-он ки мар-деви лаъинро ҳама оланду таборанд.
Бар раҳи дин, ба масал, мил набинанду манора
В-аз паси дунё зарра ба ҳаво-дар бишуморанд.
Эй бародар, ба ҳазар бош зи ғарқа ба миёншон,
З-он ки ин қавм яке баҳри беорому қароранд.
Сӯи оли набӣ ой аз сипаҳи дев, ки эшон
Мӯъминонро зи ҷафои сипаҳи дев ҳисоранд.
Сазад, аз пушт ба хар сӯи ғазанфар бинишинад,
Марди ҳушёр чу донист, ки хасмон-ш ҳиморанд.
Оли пайғамбар мар-умматро то паси эшон
Сӯи дин роҳ бибинанд, чу Хуршед ба коранд.
Боду абранд, валекин ҳукамову уқалоро
Ба ҷуз аз адл наёранду ба ҷуз илм наборанд.
Анбиёанд бад-он гоҳ, ки пирону каҳуланд,
Ҳукамоянд аз он вақт, ки атфолу сиғоранд.