Яке беҷону бетан аблақаспе, к-ӯ нафарсояд,
Яке беҷону бетан аблақаспе, к-ӯ нафарсояд,
Ба кӯҳу дашту дарё-бар ҳаметозад, ки н-осояд.
Саворон гар бифарсоянд аспонро ба ранҷ-андар,
Яке аспест он, к-ӯ мар-саворонро бифарсояд.
Саворон хуфтаву он асп бар сар-шон ҳаметозад,
Ки на касро бикӯбад сар, на касро рӯй бишхояд.
Туву фарзанди ту ҳар ду бад-ин аспед, лекин ту
Ҳамекоҳӣ бад-ин ҳамвору фарзандат меафзояд.
Назод аз ҳеч модар, на бипарвардаш касе ҳаргиз,
Валекин ҳар кӣ зод ӯ ё бизояд, зери ӯ зояд.
Замонай номусоидро аз ин гуна ба ҷуз Ҳуҷҷат
Ба зарру гавҳари алфозу маънӣ кас наёрояд.
Сухан чун зарри пухта бехиёнат гардаду софӣ,
Чу ӯро хотири доно ба андеша фурӯ сояд.
Сухан чун занг равшан бояд аз ҳар айбу олоиш,
Ки то н-ояд сухан чун занг, занг аз ҷон-т наздояд.
Ба оби илм бояд шуст гарди айбу ғаш аз дил,
Ки чун шуд айбу ғаш аз дил, сухан бе айбу ғаш ояд.
Таъоми ҷон сухан бошад, сухан ҷуз поку хуш машнав,
Азеро чун набошад хуш таому пок, бигзояд.
Зи доно, эй писар, некӯ суханро гар биёмӯзӣ,
Ба ду олам туро ҳам холиқу ҳам халқ бистояд.
В-агар мар-хештанро аз сухан бебаҳра бипсандӣ,
Маро, гар чун ту фарзанде набошад бар замин, шояд.
Ба бонги хуш гиромӣ шуд суи мардум ҳазорово
В-аз он хор аст зоғ эдун, ки хушшу хуб насрояд.
Ҳазоровоз чун доно ҳама некӯву хуш гӯяд,
Валекин зоғ ҳамчун марди ҷоҳил жож мехояд.
Бибахшоӣ ту тӯтиро аз он, к-ӯ ме сухан гӯяд,
Ту гар некӯ сухан гӯӣ, туро Эзид бибахшояд.
Калид аст, эй писар, некӯ сухан мар-ганҷи ҳикматро,
Дари ин ганҷ бар ту бе калиди ганҷ накшояд.
Ман андар ҷустани некӯ сухан танро бифарсудам,
Сарам з-ин фахру з-ин ҳикмат ҳаме бар чарх аз ин сояд.
Агар ту сӯи ҳикмат, чун-т фармуданд, бигроӣ,
Ҷаҳон з-он пас ба чашми ту ба парри пашша нагрояд.
Набинӣ, к-аз Хуросон ман нишаста паст дар Юмгон,
Ҳамеояд суи ман як ба як, ҳар ч-ам ҳамебояд.