Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Аз аҳли мулк дар ин қуббаи кабуд кӣ буд,

Аз аҳли мулк дар ин қуббаи кабуд кӣ буд, Ки мулк аз ӯ нарабуд ин баланд чархи кабуд? Ҳар он ки бар талаби мол умр моя гирифт, Чу рӯзгор баромад, на моя монду на суд. Чу умр суда шуду моя умр буд туро, Туро зи мол ки суд аст, агар на суд, чӣ суд? Фузудагонро фарсуда гир пок ҳама, Худои азза ва ҷал на фузуду на фарсуд. Худойро ба сифоти замона васф макун, Ки ҳар се васфи замона-ст, ҳасту бошаду буд. Якест босифату бесифат нагӯемаш, На чизу чиз магӯяш, ки-мон чунин фармуд. Худойро бишиносу сипоси ӯ бигузор, Ки ҷуз бад-ин ду нахоҳем буд мо маъҳуд. Ба феълу қавлу забон якниҳод бошу мабош Ба дил хилофи забон чун пашизи зарандуд. Чу нарм гӯям бо ту, маро дурушт магӯй, Масӯз даст ҷуз онро, ки мар-туро бираҳуд. Зи хоку оташу обӣ, ба расми эшон рав, Ки хок хушку дурушт асту об нарму насуд. Мабош модеҳи хешу магӯй хира маро, Ки ман туранҷи латифу хушам, ту бемаза туд. Агар касе бигирифтӣ ба зӯру ҷаҳд шараф, Ба арш барбинишастӣ ба саркашӣ Намруд. Ҷуҳудро чӣ накӯҳӣ, ки ту ба сӯи ҷуҳуд Басе нуфоятарӣ, з-он ки сӯи туст ҷуҳуд. Сутуда сӯи хирадманд шав ба дониш, аз он-к Ба ҳақ сутуда расул аст, к-аш Худой сутуд. Яқин бидон, ки зи покизагист пайваста Ба ҷони поки расул аз Худову халқ дуруд. Агар нахоҳӣ, к-оӣ ба маҳшар олуда, Зи ҷаҳл ҷону зи бад дил бибоядат полуд. Туро чӣ гуна бисовад ҳагирз покию илм, Ки ҷону дил-т ҷуз аз ҷаҳлу феъли бад натануд. Ба молу мулку ба иқболи даҳр ғарра машав, Ки ту ҳанӯз аз оташ надидаӣ ҷуз дуд. Ҷаҳон масал чу яке манзилест бар раҳу халқ Дар ӯ ҳама гузарад фавҷ-фавҷ зудозуд.