Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй хонда китоби Занду Позанд,

Эй хонда китоби Занду Позанд, З-ин хондани Занд то каю чанд? Дил пур зи фузулу Занд бар лаб, Зардушт чунин навишт дар Занд? Аз феъл мунофиқию бебок В-аз қавл ҳакимию хирадманд. Аз феъл ба фазл шав, бияфзой, В-аз қавл рав андаке фурӯ ранд. Пандам чӣ диҳӣ? Нахуст худро Муҳкам камаре зи панд барбанд! Чун худ накунӣ, чунон ки гӯӣ, Панди ту бувад дурӯғу тарфанд. Панд аз ҳукамо пазир, азеро-к Ҳикмат падар асту панд фарзанд. Зӣ марди ҳаким дар ҷаҳон нест, Хуштар ба маза зи қанд ҷуз панд. Панде ба маза чу қанд бишнав, Беайб чу пораи Самарқанд. Коре, ки зи ман писанд н-оядт, Бо ман макун ончунону мапсанд. Ҷуз рост магӯй гоҳу бегоҳ, То ҳоҷат н-оядат ба савганд. Ганда-ст дурӯғ, аз ӯ ҳазар кун, То пок шавад даҳонат аз ганд. Аз номи бад ар ҳаме битарсӣ, Бо ёри бад аз буна мапайванд. Он гӯй маро, ки дӯст дорӣ, Гар халқ туро ҳамон бигӯянд. Зеро ки ба тирмоҳ ҷав хӯрд, Ҳар к-ӯ ба баҳор ҷав пароканд. Аз хандаи ёри хеш биндеш, Он гоҳ ба ёри хеш барханд. Бар гардани ёри худ манеҳ тавқ, Гар ёри ту хонадат Худованд. Биздой ба узр занги кина, Ҷуз узр дарахти кин кӣ барканд? Бар феъли чу заҳр нест позаҳр Ҷуз қавли чу нӯши пухта бо қанд.