Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Агар бузургиву ҷоҳу ҷалол дар дирам аст,

Агар бузургиву ҷоҳу ҷалол дар дирам аст, Зи кирдгор бар он марди камдирам ситам аст. Надод доди маро, чун надод гурба маро, Туро аз аспу хару гову гӯсфанд рама-ст. Яке ба тими сипанҷӣ ҳаме наёбад ҷой, Туро равоқ зи нақшу нигор чун Ирам аст. Чу маҳ гузашт, ту шодӣ зи баҳри ғаллаи тим, Валекин он ки туро ғалла ӯ диҳад, ба ғам аст. Ҳама ситора, ки наҳс аст мар-рафиқи туро, Чаро туро ба саодат рафиқу холу ам аст? Касе, ки дод бар ин гуна хоҳад аз Яздон, Бидон, ки роҳи дилаш дар сабили дод гум аст. Бибин, ки баҳраи он подшо зи неъмати хеш Чу баҳраи ту заиф аз таъом як шикам аст. На ҳар чӣ ҳаст мар-ӯро, ҳама тавонад хӯрд, Зи нони хеш туро баҳра з-они ӯ чӣ кам аст? Касе, ки ҷӯи равон аст даҳ ба боғаш-дар, Ба вақти ташна чу ту баҳра з-он-ш як фахам аст. Гарат надод ҳашам, ту ғами ҳашам нахӯрӣ, Ғами ҳашам ҳама бар ҷони ӯст, к-аш ҳашам аст. Забон-т доду дилу гӯшу чашм ҳамчу амир, Нишони адли Худой, эй писар, дар ин ниам аст. Кунӣ писанд, ки бе чашму гӯш биншинӣ, Ба ҷои он ки худованди мулкати Аҷам аст. Ба ҷони халқ баромад падид адли Худой, На бар тану дираму мол, к-он ҳама санам аст. Агар писанд наёяд туро, бидон, к-ин адл Ҳазор бор накӯтар зи тахту мулки Ҷам аст. Агар наёфт хатар, бехатар магар ба дирам Дуруст шуд, ки хирад бартару беҳ аз дирам аст? Ту подшоҳи тани хешӣ, эй баҳушу туро Тамизу хотиру андешаву сухан хадам аст. Ту, эй писар, зи хирад сӯи мир мӯҳташамӣ, Агарчи мир суи оми халқ мӯҳташам аст. Қалам силоҳату Ҳуҷҷат ба пеши ту сипар аст, Хирад туро сипаҳ асту сухан туро алам аст. Сухан расули дилу ҷони туст, агар хуб аст, Хабар диҳад уқалоро, ки ҷон-т мӯҳтарам аст.