Эй хирадманд, нигаҳ кун, ки ҷаҳон даргузар аст,
Эй хирадманд, нигаҳ кун, ки ҷаҳон даргузар аст,
Чашм биност ҳамоно, агарат гӯш кар аст.
На ҳамебинӣ, к-ин чархи кабуд аз бари мо
Басе аз мурғ сабукпартару паррандатар аст?
Чун набинӣ, ки яке зоғу яке бози сапед
Андар ин гунбади гарданда паси якдигар аст?
Чун ба мардум шавад ин олами обод хароб,
Чун надонӣ, ки дили олам ҷисми башар аст?
Аз кӣ пурсӣ, ба ҷуз аз дил, ту баду неки ҷасад,
Чун ҳамедонӣ, к-ӯ маъдани илму фикар аст?
Аз кӣ пурсанд, ҷуз аз мардум, неку бади даҳр,
Чун бар ин қофилагӣ мардум солору сар аст?
Эй хирадманд, агар мастон огоҳ наянд,
Ту аз ин ҷой ҳазар гир, ки ҷои ҳазар аст.
Ба хирад хештан аз оташу ағлол бихар,
Ту хирад варз, агар бештар аз халқ хар аст.
Марди дониста ба ҷон илму хирадро бихарад,
Гарчи ин харрама аз илму хирад бехабар аст.
Ба хирад гавҳар гардад, ки ҷаҳон чун дарёст,
Ба хирад мева шавад хуш, ки ҷаҳон чун шаҷар аст.
Нашавад ғарра ба бисёрии ҷуҳҳол ҷаҳон,
Ки басе санг ба дарё-дар беш аз гуҳар аст.
Гар ҳаме нодонро ҳашмат бинад суи шоҳ,
Сӯи Яздон доно мӯҳташаму бохатар аст.
Ҳар ду баргу бар бар асли дарахтанд, валек
Бар сазои башару барг сазои бақар аст.
Ҷуз хирадманд мадон оламро тухму баре,
Ҳама хору хас дон, ҳар чӣ ба ҷуз тухму бар аст.
Бед монанди туранҷ аст зи дидор ба барг,
Нест дар барг сухан, балки сухан дар самар аст.
Набувад мардум ҷуз оқилу бедониш мард,
Набувад мардум, ҳарчанд ки мардумсувар аст.
Он басир аст, ки ҳаққи басар андар дили ӯст,
На басир аст касе, к-аш ба сар-андар басар аст.
Напарад бар фалаку бар сари дарё наравад,
Ҷуз ки ҳушёр касе, к-аз хирадаш пову пар аст.
Гар ту аз ҳушу хирад ёфтаӣ пову паре,
Пас, хабар гӯй маро з-он чи бурун з-ин агар аст.