Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҷаҳоно, чун дигар шуд ҳолу сонат?

Ҷаҳоно, чун дигар шуд ҳолу сонат? Дигар гаштӣ, чу дигар шуд замонат! Замонат нест чизе ҷуз, ки ҳолат, Чаро ҳолат шудаст аз душманонат? Чу рухсори шаман пургарду зард аст, Ҳамон чун бутситоне бустонат. Арӯсе пурнигору нақш будӣ, Рух аз гулнору аз лола даҳонат. Пур аз чин зулфу рух пурнур, гуфтӣ Набастандӣ машота чиниёнат. Ба чашмат кард бадчашмӣ, ҳамоно Зи чашми бад дигар шуд ҳолу сонат. Нишонд аз ҳуллаҳо бебаҳр меҳрат, Бишуст аз нақшҳо боди хазонат. Зи Румат корвон овард Наврӯз, Зи Фансур орад акнун Меҳргонат. Аз ин бар судию з-он бар зиёнӣ, Баробар гашт судат бо зиёнат. Ридои парниён гар мебидаррӣ, Чаро мансух кардӣ парниёнат? Чу оташхона гар пурнур шуд, боз Куҷо шуд Зандату он зандхонат? Ҳазимат шуд ҳамоно хайли булбул Зи бими зангиёни безабонат. Маро аз хоби нӯшин дӯш биҷҳонд Саҳаргоҳон яке з-ин зангиёнат. Агар ҳечам, суи ту ҳурмате ҳаст, Яке хомӯш кун ӯро ба ҷонат. Агар меҳмони туст ин нохушовоз, Маро фарёд рас з-ин меҳмонат. Чӣ гӯям-т, эй расули ҳаҷр, гӯям: Фиғон моро аз ин нохуш фиғонат. Маро аз хонумон бонги ту афканд, Ки вайрон бод яксар хонумонат. Сияҳ карду гарон рӯзи ғарибон Сиёҳий рӯю овози гаронат. Ба рафтан ҳамчу бандӣ ланг аз онӣ, Ки банди эзидӣ бастаст ронат.