Замин асту об асту он гаҳ ҳавост
Замин асту об асту он гаҳ ҳавост
Ва боз оташ омад ба тартиби рост.
Кеҳин олам инро ниҳад файласуф,
Ки зиндони ҷон асту доми балост.
Чаҳор аст гавҳар, фузун не, аз он-к
Ба кор-андарун беҳаду мунтаҳост.
Мар-омезиши гавҳаронро бигӯй,
Сабаб чӣ, ки чандин сувар з-ӯ бихост?
Чаро бешу кам гашт дар вай нигор,
Чу гавҳар на андар фузунӣ бикост.
Гар аз сар ту афлоку анҷум ниҳӣ,
Мар-афлокро ин қуво аз куҷост?
Чаро гардад ин гунбади гирдгард
Бар он сон, ки гӯӣ яке осиёст?
Чӣ гар хона ӯро бад-ин сон чунин,
Ва ё худ мар-ӯро ба табъ иктифост?
Табиат, надонам, чӣ бошад мушир,
Агар ту бидонӣ, бигӯям, равост.
Гуҳар хонамаш ё араз, бозгӯй,
К-аз ин ҳар ду номаш кадомин сазост?
Араз кай тавонад будан, з-он ки ӯ
Бар ин гавҳарон сар ба сар подшост.
В-агар гавҳар аст ӯ, пас, аз баҳри чӣ
Аз авсофи гавҳар саросар ҷудост?
На қоим ба зот асту не ҷойгир,
Аразнопазир асту беилтиқост.
На тӯл аст ӯро, на арзу на умқ,
На андар сутӯҳу на дар интиҳост.
Замин ҳамчу гӯю чу гӯй осмон,
Фаровон мар-ӯро далелу гувост.
Ту мар-гӯйро чун ниҳӣ пешу пас,
Ту мар-гӯйро чун ниҳӣ чаппу рост?
Чаро гуфт ин бодро, к-ин дабур,
Чаро гуфт он бодро, к-он сабост?
Фано ҳаст астақсиро назди ӯй
Ва ё худ мар-ӯро ҳамеша бақост?
Гар аҷносу анвоъ боқӣ буванд,
Зи баҳри чӣ мар-шахсҳоро фаност?