Ин тахти сахтгунбади гардон сарои мост,
Ин тахти сахтгунбади гардон сарои мост,
Ё худ яке баланду беосоиш осиёст.
Ло бал, ки ҳар касе-ш ба миқдори илми хеш,
Эдун гумон барад, ки худ ин сохта марост.
Доно-ш гуфт: «Маъдани чуну чарост ин».
Нодон-ш гуфт: «Нест, ки ин маъдани чарост».
Донанда файласуф чунин гуфт, к-ин ҷаҳон
Моро зи кирдгор ҳаме ҳадя ё атост.
Чун файласуф рафт, ато монд бо Худой,
Пайдост ҳамчу рӯз, ки гуфтори ӯ хатост.
Бахшидаи Худой зи ту кай шавад ҷудой?
Он-к ӯ ҷудо шавад зи ту, бахшидаҳои мост.
Аз баҳри гуфтугӯй зи кори ҷаҳону халқ
Гуфтанд гунагуну давиданд чаппу рост.
Он гуфт: «Ин чаҳон на фаноист, сармадист».
Ин гуфт, к-ин хатост, ҷаҳонро зи бун фаност.
Чун ину он шуданд, ҷаҳон монд барқарор,
Ӯ бар бақои хешу фаноҳои мо гувост.
Фонӣ ба ҷон наӣ, ба танӣ, эй ҳаким, ту
Ҷонро фано ба ақл муҳол асту норавост.
Пас, чошнист ин зи фанову бақо туро,
Гар феъл бар фано шуд, бунёд бар бақост.
Боқист чархи кардаи Яздону шахси ту
Фонист, з-он ки кардаи ин бехирад раҳост.
Бедониш омадиву дар ин ҷо шинохтӣ,
К-ин чист в-он чӣ бошад в-ин чуну он чарост?
Чуну чаро натиҷаи ақл аст, бегумон,
Чуну чаро зи ҷонварон ҷуз туро кирост?
Ҷуз ақл чист он, ки бад-ӯ неку бад зи халқ,
Ин мустаҳиққи лаънату он дархури саност.
Қадру баҳои мард на аз ҷисми фарбеҳ аст,
Бал қадри мардум аз сухану илм пурбаҳост.
Бар ҷонвар, ба ҷумла, сухангӯй ҷонвар
З-он аст подшо, ки бар ӯ ақл подшост.
Чун ту худои хар шудӣ аз қуввати хирад,
Пас, дар ту ақл ақли Худояст – қавли рост.
Бе ҳеч иллате зи қазо ақл додамон,
З-он рӯй номи ақл суи аҳли дин қазост.