Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй ба хӯр машғул доим чун набот,

Эй ба хӯр машғул доим чун набот, Чист назди ту хабар з-ин коинот? Худ чунин шуд бар баланд аз зоти хеш, Хирахир ин нилгун бедар калот? Ё касе дигар мар-ӯро баркашид, Он ки курсий ӯст чархи собитот? Ҷисм бе сонеъ куҷо ёбад ҳагирз Шаклу рангу ҳайъату ҷунбиш ба зот? Чанд бар мо ин кавокиб бингаранд Рӯзу шаб чун дидаҳои бесубот? Гар бихоҳӣ, то бидонӣ, гӯш дор В-ар бидонӣ, гӯши ман зӣ туст ҳот! Бингар андар лавҳи маҳфуз, эй писар, Хаттҳо-ш аз коиноту фосидот. Ҷуз дарахтон нест ин хатро қалам, Нест ин хатро ҷуз аз дарё давот. Хатти Эзидро нафарсояд ҳагирз Гашти даҳру доироту сомикот. Зиндагонӣ ҳар се се хатт Эзиданд, Мардумаш анҷому оғозаш набот. Зиндаи ҳақро ба чашми дил нигар, З-он ки чашми сар набинад ҷуз мавот. Ин ки мебинӣ, бутонанд, эй писар, Кард бояд номашон Уззову Лот. Халқ яксар рӯй зӣ эшон ниҳод, Кас ба бут з-оташ куҷо ёбад наҷот? Ҳамчунон чун гуфт, мегӯяд сухан. Дев дар Уззову Лот андар Манот. Ҳилату рухсат ба дин-дар фош кард, Модари девон ба қавли бесубот. Лоҷарам, доданд бе бим ошкор Дар баҳои таблу даф моли закот. Оқилонро дар ҷаҳон ҷое намонд, Ҷуз ки дар куҳсорҳои шомихот. Кас наёрад ёд аз оли Мустафо Дар Хуросон аз банину аз банот. Кас наҷӯяд ме нишон аз ҳафт зан, К-омадаст андар Қурон з-эшон сифот.