Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй писар, осоиши ман рафтан аст,

Эй писар, осоиши ман рафтан аст, З-он ки қарорам ба дигар маскан аст. Рӯзу шаби равшану торӣ-м зод, З-ин ҷасадам ториву ҷон равшан аст. Об ба парвезан-дар чун бувад? Ҷони ман обу тан парвезан аст. Гаштани ин гунбад гуфтат, ки нест Гаштани ӯ гаштан, бал куштан аст. Неш ниҳон дорад дар зери нӯш, Савсани хушбӯяш чун сӯзан аст. Душмани мо бар мо дар ҷои хеш Бад накунад, гарчи ба дил душман аст. Чун ки ба ҷои ту-дар, эй чархи пир, Халқ ба ҷон яксара ноэман аст. Меҳр бар ӯ мафкану бифкан-ш дур, З-он ки бад-ӯ саркашу меҳрафкан аст. Хориши гетӣ зи сарат кай шавад, То-т бар ангушт яке нохан аст? Дар фараҳаш з-андуҳ тарсу бидон, К-охири ҳар сури ҷаҳон шеван аст. В-аз ғами ӯ танг макун низ дил, Сабр ҳамекун, ки шаб обистан аст. Бар бад маштоб, азеро шитоб Бар бадӣ аз сирати Аҳриман аст. Сабр ба ҳарби фалак-андар туро Чун бикашад теғ, қавӣ ҷавшан аст. Тухми зафар нест магар сабр бар, Сабр чу зайтуну зафар равған аст. Ҳар кӣ гирифтаст сари шохи сабр, З-ин аҷабӣ шохи саломат чан аст? Ҳеч макун сӯҳбат бо хӯи бад, Хӯи бад эро адуи риман аст. Хӯи бад андар раҳи озодагӣ Қайди ду дасту ғул бар гардан аст. Шохи хуи бад тани ганда-сту зишт, Бехи хуи бад зи дари кандан аст. Сӯҳбати бадхӯ ҳама ранҷ аст аз он, Ёраш аз ӯ ғамгину ӯ ғамкан аст.