Бале, бегумон ин ҷаҳон чун гиёст,
Бале, бегумон ин ҷаҳон чун гиёст,
Ҷуз ин мардумонро гумоне хатост.
Азеро ки ҳамчун гиё дар ҷаҳон
Раванда-ст ҳамвора бешиву кост.
Агар ҳар чӣ бияфзояду кам шавад,
Гиё бошад, ин пири гетӣ гиёст.
Валекин гиёро бибояд шинохт,
Азеро суханро дар ин рӯйҳост.
Ҷаҳон гар яке гавзи некӯ шавад,
Бад-он гавз-дар мағз мардум сазост.
В-агарчанд моем мағзи ҷаҳон,
Гиё, чун накӯ бингарӣ, мағзи мост.
Гиё ҳамчу дона-сту мо орди ӯ,
Чу биндешию ин ҷаҳон осиёст.
Бихоҳад ҳаме хӯрдамон осиё
Ба дандони марг, эй писар, рост-рост.
Фаномон ба дандони марг-андар аст,
Ба дандони мо-дар гиёро фаност.
Валекин чу зинда-ст дар мо гиё,
Пас аз марг моро умеди бақост.
Гиё пешкори Худованди мост,
Ки бар подшоҳон ҳама подшост.
Бад-ӯ зинда гашта-ст мурдор хок,
Агар дасти Яздон-ш гӯям, равост.
Агар мурдаро зинда кардӣ Масеҳ,
Чунон, чун бар ин қавл Эзид гувост.
Ба як дона гандум-дар, эй ҳушёр,
Масеҳия бисёру бемунтаҳост.
Намурдасту ҳаргиз намирад гиё,
Ки мар-зиндагиро гиё кимиёст.
Миёни ду олам гиё манзилест,
Ки бӯю маза-в рангро мубтадост.
Гиё суи ҳушёр пайғамбарист,
Ки бо холиқу халқи пок ошност.
Гиёро падар дон дуруст, эй писар
В-агар ман падар-там, гиё худ ниёст.
На фонӣ, на боқӣ гиёҳ аст, аз он-к
Бақову фаноро дар ӯ илтиқост.