Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҳар кӣ гӯяд, ки чарх бекор аст,

Ҳар кӣ гӯяд, ки чарх бекор аст, Пеши ҷонаш зи ҷаҳл девор аст. Кас надид, эй писар, на низ шунид, Ҳеч гардандае, ки бекор аст. Чун накӯ нангарӣ, ки чарх ба рӯз Ҳамчу нил асту шаб чу гулзор аст. Буду бошад чӣ чизу ҳаст чӣ чиз? З-ин агар баррасӣ, сазовор аст. Асли бисёр агар якест ба ақл, Пас, чаро худ яке на бисёр аст? В-он к-аз ӯ равшанӣ падид ояд, Равшану гирдгарду наввор аст. Чунки бурҳон ҳаме нагӯяд рост, Илми бурҳон чу хатти паргор аст. Ҷунбиши мо чаро ки мухталиф аст? Ҷунбиши чарх чун ки ҳамвор аст? Асли ҷунбиш чаро нагӯӣ чист? Чун наҷӯӣ, ки ин чӣ кочор аст? Хок хор асту рустанӣ з-он аст, К-истода чунин нигунсор аст. Ҷонвар нест бо нигунсорӣ, Лоҷарам, зиндаву гиёхор аст. В-ин ки сар сӯи осмон дорад, Боз бар ҳар се миру солор аст. Мар-туро бар чаҳорумин дараҷа Кӣ нишондасту ин чӣ бозор аст? Зердастон-т чунки бехираданд, Чун туро ҳушу ақлу гуфтор аст. Бо ҳама ҳолате, ки ҳайвонрост, Мар-туро бо сухан хирад ёр аст. Мар-туро назди он, ки инҳо дод, На ҳамоно, ки ҳеч кирдор аст? Кор кардиву хӯрд чун хари хеш, Пас, туро ҳушу ақл чӣ б-кор аст? Эй писар, нангарӣ, ки ақлу сухан Чун бар ин халқ сар ба сар бор аст? Ақл бор аст бар касе, ки ба ақл Гурбузу дузду ҷалду таррор аст.