Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй писар, ар умри ту як соат аст,

Эй писар, ар умри ту як соат аст, Эзидро бар ту дар ӯ тоат аст. Неъмат тухм асту бар ӯ шукр бор В-ин бару ин тухм на ҳар соат аст. Тоат, агар асли ҳама шукрҳост, Умр сари ҳар шарафу неъмат аст. Гар-т ҳаме умр наярзад ба шукр, Бар ту ба девонагият тӯҳмат аст. Марди накӯсурати беилму шукр Сӯи ҳакимон, ба ҳақиқат, бут аст. Мард махон ҳечу буташ хон, аз он-к Чун бути боқомату беқимат аст. Гар ту ҳаме мардум хонӣ-ш, аз он-к Аз қибали симу зараш ҳашмат аст. Назди ту пас мардум гашт аспи мир, З-он ки бар ӯ низ ба зар ҳулят аст. Ҳар кӣ надонад, ки кадом аст мард, Ҳамчун сутурон зи дари раҳмат аст. Мард ниҳон зери дил асту забон, Дигар яксар гили пурсурат аст. Сӯи хирад ҷуз, ки сухан нест мард, Ӯ сухану колбадаш лӯъбат аст. Ҷуз, ки сухан ёфтани мулкро Ҳеч на моя-сту на низ олат аст. Ҷуз ба сухан банда нагардад туро Он кас, к-ӯ бо ту зи як нисбат аст. Мард расул асту сутуранд пок Ин ки ҳамегӯянд, ин уммат аст. Марди суханёфтаро дар сухан Ҳамлату ҳам ҳамяту ҳам қувват аст. Ҳуҷҷату бурҳону суолу ҷавоб Зарбати теғу сипари иффат аст. Ҳарбгаҳи марди сухандон басе Саъбтар аз маъракаи ҳамлат аст. Шери биёбонро бо марди ҷанг Ҳамсариву ҳамбариву ширкат аст. Чангули шер омад шамшери шер, Яшкаш чун тири ту боҳайбат аст.