Яке хона карданд бас хубу дилбар,
Яке хона карданд бас хубу дилбар,
Дар ӯ ҳамчун ӯ хона беҳадду бемар.
Ба хонай меҳин-дар нишонданд ҷуфтон,
Ба як ҷо ду хоҳарзану ду бародар.
Ду зан хуфтаанду ду мард истода,
Ниҳуфта занон зери шӯёни худ-дар.
На камтар шаванд ин чаҳору на афзун,
На ҳаргиз бидонанд беҳро зи бадтар.
Валекин каму бешу хубию зиштӣ
Ба фарзандашон дод Яздони довар.
Се фарзанд доранд пайдову пинҳон,
Аз эшон ду пайдову дигар мусаттар.
Наёяд бурун он мусаттар ба саҳро,
Ниҳуфта нишастаст бар сони духтар.
В-аз ин ҳар яке ҳафт фарзанди дигар
Бизодаст на ҳеч бешу на камтар.
Зи ҳар ҳафте аз ҷумлаи ин се ҳафтон
Яке меҳтар омад бар он шаш, ки кеҳтар.
В-аз ин бисту як тан яке подшо шуд,
Дигар ҷумла гаштанд ӯро мусаххар.
Ҳамегӯяд он подшо, ҳар чӣ хоҳад,
Ҳама дигарон монда хомӯшу музтар.
Ба хонай меҳин-дар ҳамеша-ст паррон
Паси якдигар ду мухолиф кабӯтар.
Бигиранд ҷуфту насозанд якҷо,
Набошанд ҳаргиз ҷудо як зи дигар.
Ба хонай кеҳин-дар наёянд ҳаргиз,
Ки хонай меҳин асташон ҷою дарх(в)ар.
Басо хонаҳо, к-он ба парвози эшон,
Шуд ободу бас низ шуд зеру аз бар
Кабӯтар кӣ дидаст, к-аз гардиши ӯ
Ҷаҳонро гаҳе хайр зояд, гаҳе шар?
Ба хонай кеҳин-дар ҳамеша се меҳмон
Аз ин ду кабӯтар хурад неъмату бар.
Наёбад ҳагирз он се меҳмон чаҳорум,
На ин ду кабӯтар биёбад седигар.
Се меҳмон на яксон, чу ҳар як мухолиф
В-агарчи падар-шон яке буду модар.