Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй зада такя бар баланд сарир,

Эй зада такя бар баланд сарир, Бар сарат хаззу зери пой ҳарир. Шоир андар мадеҳ гуфта туро, Ки амиро, ҳазор сол мамир! Мулкро устувор кардастӣ Ба вазире дабиру ботадбир. Халал аз мулк чун шавад зоил, Ҷуз ба раъйи вазиру теғи амир? Подшоро дабир чист? – Забон, Ки суханҳошро кунад таҳрир. Нест бар ақли мир ҳеч далел Роҳбартар зи номаҳои дабир. Меҳтари хешро ҳақир кунад Сӯи доно дабири ботақсир. Сухани бохатар тавонад кард Хатарӣ мардро ҷудо зи ҳақир. Ҷуз ба роҳи сухан чӣ донам ман, Ки ҳақирӣ ту ё бузургу хатир? Эй писар, пеши ҷаҳл асирӣ ту, То нагардад сухан ба пешат асир. Чун наёмӯхтӣ, чӣ донӣ гуфт, Ки ба таълим шуд ҷалил Ҷарир? Ту зи хӯша асир чун ёбӣ, То нагирад зи ток хӯша асир? Эй писар, ҳамчу мири мирӣ ту, Ӯ кабир асту ту амири сағир. Кори худ сохтаст амири кабир, Ту сари кори хеш низ бигир. Ҷони ту подшои ин тани туст, Хотири ту дабиру ақл вазир. Хотири ту набишт шеъру адаб Бар саҳифай дилат ба дасти замир. То ба шеъру адаб азизат дошт Хешу бегонаву сағиру кабир. Хотиру дасти ту дабиронанд, Ин-т коре бузургвору ҳажир. Сар-т чун қир буду қад чун тир, Бо ту акнун на тир монду на қир.