Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй Ҳуҷҷати бисёрсухан, дафтар пеш ор

Эй Ҳуҷҷати бисёрсухан, дафтар пеш ор В-аз нӯги қалам дурри суханҳо-т фурӯ бор. Ҳарчанд, ки бисёру дароз аст суханҳо-т, Чун хубу хуш аст, он на дароз асту на бисёр. Шоҳе, ки атоҳо-ш гарон аст, ситудаст, Ҳарчанд шавӣ зери атоҳо-ш гаронбор. Нав кун суханеро, ки куҳан шуд ба маонӣ, Чун хоки куҳанро ба баҳор абри гуҳарбор. Шуд хуб ба некӯ суханат дафтари нохуб, Дафтар ба сухан хуб шавад, ҷома ба оҳор. Аз хотири пурилм сухан н-ояд ҷуз хуб, Аз пок сабӯ пок бурун ояд оғор. Очори сухан чист? Маонию иборат, Нав-нав сухан орӣ, чу фароз омадат очор. Дар шеър зи такрори сухан бок набошад, Зеро ки хуш ояд сухани нағз ба такрор. Очори Худояст маза-в бӯи хушу ранг, Бо себу турунҷ омаду гавзу биҳию нор. Аз токи раз ангури нав имсол хуш ояд-т, Ҳарчанд к-аз ӯ пор ҳамин омаду перор. Зӣ аҳли хирад тухми сухан ҳикмату илм аст, Дар хоки дил, эй марди хирад, тухми сухан кор. Мухтор шавӣ, к-аз ту бимонад сухани хуб, Зеро ки ҳамин монд зи пайғамбари мухтор. Динаш ба сухан гашт мушаҳҳар ба замин-бар В-аз роҳи сухан рафт бар ин гунбади даввор. Мақҳур ба ҳикмат шавад ин халқи ҷаҳон пок, Зеро ки ҳаким аст ҷаҳондовари қаҳҳор. Аз роҳи тани хеш суи ҷон-т нигаҳ кун, Бингар, ки ниҳон чист дар ин шахси падидор. Он чист, ки чун шахси гарони ту бихусбад, Бинову сухангӯй ҳаме монаду бедор. Он гавҳари зиндасту пазирои улум аст, З-ӯ зиндаю гӯянда шудаст ин тани мурдор. Шарму сухану мадҳу накӯҳиш ҳама ӯрост, Танро чӣ шуд ӯ, ҳеч на қадр асту на миқдор. Солор тани туст, чаро тан-т гиромист, Наздики туву меҳтару солор, танат хор?