Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй хирадманди ҳунарпешаву бедору басир,

Эй хирадманди ҳунарпешаву бедору басир, Кист аз халқ ба наздики ту ҳушёру хатир? Гар хатир он бувадӣ, к-аш дилу бозуи қавист, Шер боистӣ бар халқи ҷаҳон ҷумла амир. В-ар ба мол-андар будӣ ҳунару фазлу хатар, Кӯҳи Шуғнон малике будӣ бедору басир. В-ар ба хубӣ-дар будӣ хатару бахт баланд, Сару солори ҷаҳон будӣ Хуршеди мунир. На бузург аст, ки аз мол фузун дорад баҳр, Он бузург аст, ки аз илм фузун дорад тир. Эй шуда миғфар чун қири ту дар дасти тамаъ, Шуста бар даргаҳи баҳмону фалон мир чу шир. Мол дар ганҷи шаҳон ёбию дар хотири ман, Ҳар чӣ як моли хатир аст, дигар моли ҳақир. Шир бар миғфар чун қири ту, эй ғофил мард, Рӯзи чун шир ҳамерезаду шабҳои чу қир. Он на мол аст, ки чун додӣ-ш, аз ту бишавад, З-ӯ ситонанда ғанӣ гардаду бахшанда фақир. Он бувад мол, ки гар з-ӯ бидиҳӣ, кам нашавад, Ба тарозуи хирад сахтаву бар дасти замир. Моли ман, гар ту асир афтӣ, озод кунад-т, Моли шоҳон-т гирифт аз паси озодӣ асир. Нест чун моли ман амволи шаҳон ҷуз ки ба ном, Чун ба тухм аст чу наргис, на ба бӯи хуши сир. Нашавад ғарра хирадманд бад-он, к-аз паси ман Чун паси мир наёяд на Тагину на Башир. Қимату иззати кофур шикаста нашудаст, Гар зи кофур беҳ омад ба суи муш панир. Хатари хайр бувад бар қадри манфиаташ, Гар хатир аст, хатир аст аз ӯ нафъпазир. Ҳамчунон чун нарасад бар шарафи мардум хар, Нарасад бар хатари гандуми пурмоя шаъир. З-он ки хайроти ту аз фарди қадир аст ҳама, Бар ту иқрори фариза-ст бад-он фарди қадир. Хатариро хатарӣ донад миқдору хатар, Нест огоҳ зи миқдори шаҳон гоҳу сарир. Кӯр кай донад аз рӯз шаби тор ҳагирз? Кар набишносад овози хар аз нолаи зер.