Эй ёри суруду оби ангур,
Эй ёри суруду оби ангур,
На ёри манӣ ба ҳаққи «Ва-т-Тур».
Маъзул шудаст ҷон зи ҳар чӣ,
Додаст бар он-т даҳр маншур.
Мегӯй муҳол аз он ки хуфта
Бошад ба муҳолу ҳазл маъзур.
Бистурд нигор дасти айём
З-ин хонаи пурнигори маъмур.
Накшояд низ чашму гӯшам
Ранги қадаҳу таранги танбӯр.
Парранда замон ҳамехӯрад-мон,
Ангур шудему даҳр занбӯр.
Пухта шудаму чу гашт пухта,
Занбӯр сазотар аст б-ангур.
Тира-сту манора менабинад
Он чашм, ки мӯй дидӣ аз дур.
Дар сури ҷаҳон шудам, валекин
Бас лоғар бозгаштам аз сур.
З-ин сур басе зи ман батар рафт
Искандару Ардашеру Шопур.
Гар ту суи сур меравӣ, рав,
Рӯзат хуш боду саъй машкур.
Донӣ, ки чӣ гуна гашт хоҳӣ?
Андар падарат нигаҳ кун, эй пур.
Андуда рухаш замон ба зарроб,
Олуда сараш ба гарди кофур.
Зинҳор, ки бо замон накӯшӣ,
К-ин бадхӯ душманест мансур.
Бе лашкари ақлу дин нагардад
Аз мард сипоҳи даҳр мақҳур.
Аз илму хирад сипар куну худ
В-аз фазлу адаб дабусу сотур.
В-ар зӣ ту ҷаҳон ба тоат ояд,
Зинҳор бад-он мабош мағрур,
Зеро ки ба зери нӯшу хаззаш
Неш аст ниҳону заҳр мастур.
Ин нокасро ман озмудам,
Феълаш ҳама макр бошаду зӯр.