Ҳушёр бошу хуфта марав тез бар сутур,
Ҳушёр бошу хуфта марав тез бар сутур,
То н-уфтад сутури ту ногаҳ ба ҷарру лур.
Мӯрӣ туву фалак ба масал жандапили маст,
Дорад ҳагирз тоқат бо пили маст мӯр?
Шӯр аст оби ӯ, нанишонад-т ташнагӣ,
Гар нестӣ сутур, махӯр оби талху шӯр.
Бедор шав зи хобу суи мардумӣ гирой,
Якборагӣ махусб ҳама умр бар сутур.
Зинҳор, то чунон накунӣ, к-он сафеҳ гуфт,
Чун қир беҳ сиёҳгилеме, ки гашт бӯр.
Лахте инони маркаби бадхӯ-т бозкаш,
То дастҳо фӯру наниҳад маркабат ба гӯр.
Гетӣ-т бар мисоли яке бадху аждаҳост,
Парҳез дору бо думи ин аждаҳо машӯр.
Шоҳон дусад ҳазор фӯру хӯрду хор кард,
Аз ту фузун ба молу ба мулку ба ҷоҳу зӯр.
Аз бевафо вафо ба ғанимат шумор, аз он-к
Як қатра об нодира бошад зи чашми кӯр.
Гар нестат чу нӯш хуру чун хазат гилем,
Бингар ба ёри хеш, ки ӯ гурсуна-сту ур.
Эй карда хештан ба ҷафову ситам самар,
То пӯстин бувад-т яке бодбон самур.
В-аз баҳри хаззу баззу хӯришҳои чарбу нарм
Гоҳе ба баҳри Румию гоҳе ба кӯҳи Ғӯр.
Ҳар ду яке шавад, чу зи ҳалқат фурӯ гузашт
Ҳалвову нони хушк дар он тофта танӯр.
Он кас, ки дошт, он чи надорӣ ту, ӯ куҷост?
Кори чу тори ӯ ҳама ошуфта гашту тур.
Пои ту маркаб асту кафи даст машраба-ст,
Гар нест асп тозию на машраба булӯр.
Акнун нигар ба кор, ки корат ба дасти туст,
Барги сафар бисозу бикун корҳо ба ҳур.
Бори дарахти даҳр туӣ, ҷаҳд кун магар
Бемағз н-уфтӣ зи дарахтат чу гавзи Ғӯр.
Ғарра машав бад-он ки туро Тоҳир аст ном,
Тоҳир набошад, он ки палид асту бе таҳур.
Феъли накӯ зи нисбат беҳтар, к-аз ин қибал
Беҳ шуд зи Симҷӯр Бироҳими Симҷӯр.