Эй куҳан гашта тану дида басе неъмату ноз,
Эй куҳан гашта тану дида басе неъмату ноз,
Рӯзи нози ту гузаштаст, бад-ӯ низ маноз.
Нози дунё гузаранда-сту туро гар баҳушӣ,
Сазад, ар ҳеч набошад ба чунин ноз ниёз.
Гар бад-он ноз, туро боз ниёз аст имрӯз,
Он туро тухми ниёзи абадӣ буд, на ноз.
Ози он нози гузашта бигирифтаст туро,
Банди он нози туро чист, магар мояи оз?
Кори дунёи фиребанда ҳама тохтан аст,
Паси дунёи фиребандаи тозанда матоз.
Чун чағар гашт буногӯши чу симинбари ту,
Чанд тозӣ паси ин пирзани зишт чағоз?
Умри пирӣ чу ҷавонӣ мадеҳ, эй пир, ба бод,
Тират андохта шуд, низ камонро м-андоз!
Гирдгардону фиребон-т ҳаме бурд чу гӯй,
То чу чавгон-т бикард ин фалаки чавгонбоз.
Бозгард аз баду бар нек фароз ор сарат,
Ба хирад кӯш, чу девон чӣ давӣ боз фароз?
Боз бояд шудан аз шар ба суи хайр ба табъ,
К-аз фарозе суи пастӣ чу ба табъ омада боз.
Ҷуфти хайр аст хирад, з-ӯ ситаму шарр махоҳ,
Хира мар-оби равонро чӣ кунӣ сар ба фароз?
Хирад оғози ҷаҳон буду ту анҷоми ҷаҳон,
Бозгард, эй сара анҷом, бад-он нек оғоз.
Хирад аст он, ки туро банда шудастанд бад-ӯ
Ба замин шеру палангу ба ҳаво бошаву боз.
Хирад он аст, ки чун ҳадя фиристод ба ту,
З-ӯ Худованди ҷаҳон бо ту сухан гуфт ба роз.
Чун ба бозори ҷаҳон хост фиристод ҳаме-т,
Мар-туро з-ӯ хираду илм ато буду ҷиҳоз.
Бар сари дев туро ақл басандаст рақиб,
Ба раҳи хайр туро илм басанд аст нуҳоз.
Гирди бозор бигард инаку аҳвол бибин,
Чун ту худ менигарӣ, ман накунам қисса дароз.
Об ҷӯиву сақоро чу сафол аст даҳон,
Ҳулла хоҳӣ туву шалвор надорад баззоз.
Уламоро, ки ҳаме илм фурӯшанд, бибин
Пару болаш чу уқобу ба ҳарисӣ чу гуроз.