Эй туро орзуи неъмату ноз,
Эй туро орзуи неъмату ноз,
Оз карда инони аспи ниёз.
Умрат аз ту гурезад аз паси оз
Ту ҳаметоз дар нишебу фароз.
Бар сари бахти бад фуруд ояд
Ҳар кӣ гирад инони маркабаш оз.
Чунки сӯи ҳисори хурсандӣ
Наситонӣ зи шоҳи оз ҷавоз.
З-орзуи тарози тӯзию хаз
Зор бигдохтӣ чу тори тароз.
З-он чӣ дорӣ, насиб нест туро,
Ҷуз шабу рӯз ранҷи гарму гудоз.
Чун напӯшӣ, чи хаззу чи маҳтоб,
Чун набӯӣ, чи наргису чи пиёз.
Бо ту анбоз гашт табъи бахил
Нашавад ҳар куҷо равӣ зи ту боз.
Ранҷи бемол баҳраи ту расид,
Моли беранҷ баҳраи анбоз.
Он на мол аст, к-аш нигаҳ дорӣ,
То напаррад чу бози барпарвоз.
Он бувад мол, к-ат нигаҳ дорад,
Аз ҳама ранҷҳо ба умри дароз.
Бифизояд, агар ҳазина кунӣ-ш,
Бо ту ояд ба Руму Ҳинду Ҳиҷоз.
Натавонад касе-ш бурд ба қаҳр,
Натавонад касаш бурид ба гоз.
Ҷуз бад-ин мол кай шавад бар мард
Ба ду олам дари саодат боз?
Кай тавонад харид ҷуз доно,
Ба чунин мол нози беандоз?
Дарнагунҷад магар ба дил, ки дил аст,
Кисаи донишу хазинаи роз.
Гар бад-ин мол рағбат аст туро,
Киса-т аз ҳашвҳо бад-ӯ пардоз.
Кисаи розро ба ақл бидӯз,
То набошӣ суханчину ғаммоз.
Аз намозу закот в-аз парҳез
Кисаро бандҳои сахт бисоз.