Мардро хор чӣ дорад? Тани хушхораш,
Мардро хор чӣ дорад? Тани хушхораш,
Чун туро хор кунад, чун накунӣ хораш?
Ҳар кӣ ӯ андуҳу тимори туро кӯшад,
Ту, ба хира, чӣ хурӣ андуҳу тимораш?
Тан ҳамон хоки гарону сияҳ аст, арчанд
Шора зарбафт кунӣ қуртаву шалвораш.
Гар нахоҳӣ, ки туро хору забун дорад,
Бартар аз қадрашу миқдораш магзораш.
Тани ту ходими ин ҷони гаронмоя-ст,
Ходими ҷони гаронмоя ҳамедораш.
Тан дарахтест хирад бору дурӯғу макр
Хасу хор аст, ҳазар кун зи хасу хораш.
Хору хас бифкан аз ин шӯҳра дарахт, эро
К-аз хасу хор наёбӣ маза ҷуз хораш.
Ёри хурмост яке хор, батар ёре,
Ёри бад ор бувад доим бар ёраш.
Ёри бад хори ту аст, эй писар, аз ёрат
Дур бошу ба ҷуз аз хор мапиндораш.
Ёри чун хор туро зуд биёзорад,
Гар нахоҳӣ, ки биёзорад, м-озораш.
Ҳар кӣ бо ӯ-т ҳаме сӯҳбат рой ояд,
Баррас, эй пур, нахуст аз раҳу рафтораш.
Сирати хуб талаб бояд кард аз мард,
Гарчи хуб аст, машав ғарра ба дидораш.
Сурати хуб басе бошад беҳосил,
Бар дару даргаҳи гармобаву девораш.
Гарчи хурмобун сабз аст, дарахти сабз
Ҳаст бисёр, ки хурмо набувад бораш.
Ҳар кӣ бе сирати хуб асту накӯ сурат,
Ҷуз ҳамон сурати девор маянгораш.
Бадкунишро ба сухан даст мадеҳ бар бад,
Ки ба ту боз шавад сарзаниш аз кораш.
Сари пайкон нашавад дар сипару ҷавшан,
То набошад зи пас андар пару сӯфораш.
Сӯҳбати нодон магзин, ки табаҳ дорад
Андаке фоидаро ёваи бисёраш.
Мева чун андак бошад ба дарахте-бар,
Бемаза монад дар барг ба хирвораш.