Эй мутаҳаййир шуда дар кори хеш,
Эй мутаҳаййир шуда дар кори хеш,
Рост бинеҳ бар хат паргори хеш.
Хурд шикастӣ ба дабуси тамаъ,
Дар талаби тову магар тори хеш.
Дар талаби он чи наёмад ба даст,
Зеру забар кардӣ кочори хеш.
Хира бидодӣ ба пашизи ҷаҳон
Дурри гаронмояву динори хеш.
Панбаи ӯро ба чӣ додӣ бадал,
Эй ба хирад ғолияву ғори хеш.
Мори туву ёри ту аст ин танат,
Ранҷаӣ аз мори худу ёри хеш.
Морфасой арчи фусунгар бувад,
Ранҷа шавад оқибат аз мори хеш.
В-акнун, к-афтод харат, мардвор
Чун наниҳӣ бар хари худ бори хеш?
Бад ба тани хеш чу худ кардаӣ,
Бояд хӯрдан-т зи киштори хеш.
Пои туро хори ту хаста-сту нест
Пои туро дард ҷуз аз хори хеш.
Роҳ ғалат кардастӣ, бозгард
Сӯи буна бар паю осори хеш.
Пеши худованди хирад бозгӯй
Рост ҳама қиссаву ахбори хеш.
В-он ч-ат гӯяд, бипазиру мабош,
Ошиқ бар беҳуда гуфтори хеш.
Деви ҳаво сӯи ҳалокат кашад,
Деви ҳаворо мадеҳ афсори хеш.
Роҳ надонӣ, чӣ равӣ пеши мо
Бар тамаъи тезии бозори хеш?
Гозурӣ аз баҳри чӣ даъво кунӣ,
Чунки нашӯӣ худ дастори хеш?
Боми касонро чӣ иморат кунӣ?
Чунки набандӣ буни девори хеш?
Чун надиҳӣ панд тани хешро,
Эй мутаҳаййир шуда дар кори хеш?
Нор, чу бемор туӣ, худ бихӯр,
Арза макун бар дигарон нори хеш.