Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Чун гашт ҷаҳонро дигар аҳволи аёниш,

Чун гашт ҷаҳонро дигар аҳволи аёниш, Зеро ки бигустард хазон рози ниҳониш. Бар ҳасрати шохи гул дар боғ гуво шуд, Бечорагию зардию кӯжию навониш. То зоғ ба боғ-андар бикшод фасоҳат, Барбаст забон аз тарабу лаҳн ағониш. Шарманда шуд аз боди саҳар гулбуни урён В-аз оби равон шармаш бирбуд равониш. Куҳсор, ки чун размаи баззоз буд, акнун, Гар бингарӣ, аз кулбаи наддоф надониш. Чун зарри музаввар нигар он лаъли бадахшӣ-ш, Чун чодари гозур нигар он бурди ямониш. Бас бод ҷаҳад сард зи куҳ, лоҷарам, акнун, Чун пир, ки ёд оядаш аз рӯзи ҷавониш. Хуршед бипӯшид зи ғам пираҳани хаз, Ин аст ҳамеша салаби хуби хазониш. Бар мафраши пирӯза ба шаб шоҳи Ҳабашро Осудаву покиза булӯр аст авониш. Бингар ба ситора, ки битозад сипаси дев, Чун зарри гудозида, ки бар қир чакониш. Монанди яке ҷоми яхин аст шабоҳанг, Биздуда ба қатрай саҳарӣ чархи каёниш. Гар нест яхин, чун ки чу Хуршед барояд, Ҳарчанд ки ҷӯянд, наёбанд нишониш. Парвин ба чӣ монад, ба яке дастаи наргис, Ё настарани тоза, ки бар сабза фишониш. В-ин даҳри даванда ба яке маркаб монад, К-аз кор наёсояд, ҳарчанд давониш. Гетӣ-т яке бандаи бадхӯ-ст, махонаш, Зеро зи ту бадхӯ бигурезад, чу бихониш. Беҳосилу маккор ҷаҳонест пур аз ғадр, Бояд, ки чу маккор бихонад-т, бирониш. Ҷуз ҳанзалу заҳрат начашонад, чу бихонад-т, Ҳарчанд ки ту рӯзу шабон нӯш чашониш. Аз баҳри ҷафо сӯи ту омад ба дари хеш, Магзору зи дар дур бирон, гар битавониш. Душман, чу накӯҳол шудӣ, гирди ту гардад, Зинҳор машав ғарра бад-он чарбзабониш.