Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Вабол аст бар мард умри дарозаш,

Вабол аст бар мард умри дарозаш, Чу умри дарозаш фузуд андар озаш. Суи чашмаи шӯрбахтӣ шитобад, Киро оз бошад далелу нуҳозаш. Ҳар он ноз, к-оғози ӯ оз бошад, Мадораш ба нозу махон ҷуз ниёзаш. Ба нозе, к-аз ӯ дигаре ранҷа гардад, Чӣ нозӣ, ки н-ояд бад-ӯ ҳеч нозаш? Ба хоб андар аст, эй бародар, ситамгар, Чӣ ғарра шудастӣ бад-он чашми бозаш? Гар ӯро зиёни касон суд бошад, Надонад хирадманд боз аз гурозаш. Макун чашм бар бадкуниш бозу гирдаш Магарду машав, то тавонӣ, фарозаш, Ки дар меҳри ӯ кина баста-ст, азеро Ки баста-ст чашми дил ин мӯҳрабозаш. Бидеҳ панду хомӯш якчанд рӯзе Яла кун бад-ин курраи дуртозаш, Ки худ зуд биндозад ин шумкурра Баногоҳ дар чоҳи ҳафтод бозаш. Ҷаҳони фиребандаро нӯш машмар, Ки заҳр аст дар нӯшу ранҷ аст нозаш. Киро дод чизе, к-аз ӯ боз настад? Киро баргирифт ӯ, ки н-афканд бозаш? Ҷаҳон мори бадхӯст, манвозаш аз бун, Азеро насозад-ш ҳаргиз навозаш. Намозат барад, гар-ш хорӣ намоӣ В-аз ӯ хор гардӣ, чу бурдӣ намозаш. Бароҳат шудам ман, чу з-ӯ бозгаштам, Дуруст аст ин қавлу ин аст розаш. Набинӣ, ки чун бозгаштӣ, ба соат Ба роҳат бадал гашт ранҷи дарозаш. Зи гетӣ ҳазар созу бо ӯ даволак Мабозу бурун кун дил аз чанги бозаш. Дил аз роҳи дунё ба дин бозгардон, Зи илму амал ҷӯй зоду ҷиҳозаш. Кунад боз ҳаргиз магар дасти тоат, Дареро, ки карда-ст исён фарозаш.