Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҳар кас ба насаб нек надониву ба олаш,

Ҳар кас ба насаб нек надониву ба олаш, Бар нисбати ӯ нест гуво беҳ зи фиъолаш. Зеро ки дарахте, ки мар-ӯро нашиносанд, Бораш хабар орад, ки чӣ будаст ниҳолаш. Қавли ту чу бор асту ту пурбор дарахтӣ, Обод дарахте, ки чу хурмост мақолаш! Фазлу адаби марди меҳин нисбати ӯяст, Шояд, ки напурсӣ зи падар в-аз аму холаш. Аз кӯза чу оби хуш хӯрдӣ, набувад бок, Гар чун хази адкан набувад нарм сафолаш. Дар ҳикмату илм аст ҷамоли тани мардум, На дар ҳашаму аспу ҷимол аст ҷамолаш. Он ҷо, ки сухандон бикушояд дари мантиқ, Аз марди сухан ҳаргиз гӯянд ниолаш? Нафсе, ки надорад пару бол аз ҳикаму илм, Он ҷо, ки бувад илм, бисӯзад пару болаш. Гар доно пурсад, ки чаро хок шавад санг, Чун хок ба ночор барад оби зулолаш? Бас ҳалқи кушода ба хурофоту муҳолот Кай баста шавад сахт бад-ин суст суолаш? Гар нест ба ҷуъба-ш-дар чун тир мақоле, Кас даст нагиранд зи Пирӯзу Янолаш. В-ар нест ба дебо танаш ороста, шояд, Чун хештан орост ба дебои хисолаш. Ҷаҳл оташи тан омаду ҷон ноли ҷаҳолат В-аз оташи нодон нараҳад ҳаргиз нолаш. Чун з-он чи надонад-ш, бипурсанд суоле, Аз ҳавл шавад зоил аз ӯ хобашу ҳолаш. В-аз гоҳ бияфтад ба суи чоҳи фурудин, В-аз садр биронанд суи саффи ниолаш. Эй карда туро бастаи митвоъи фалон мир, Он мехи кишансозу сияҳаспи иқолаш. Ту ҳамбари он мир шавӣ, гар тамаъи хеш Берун кунӣ аз давлату аз неъмату молаш. Мире бувад он, к-ӯ чу ба гармоба дарояд, Холӣ шавад аз мамлакату ҷоҳу ҷалолаш. Бал мир ҳакимест, ки андар дили ӯй аст Хайлу ҳашаму мамлакату ганҷу риҷолаш.