Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй хуфта ҳама умру шуда хираву мадҳуш

Эй хуфта ҳама умру шуда хираву мадҳуш В-аз умру ҷаҳон баҳраи худ карда фаромӯш. Ҳар гаҳ ки ҳамеша дили ту беҳушу хуфта-ст, Бедор чӣ суд аст туро чашм чу харгӯш? Ин даҳр наҳангест, фурӯ хоҳад хӯрдан-т, Фитна чӣ шудӣ, хира, бар ин сурати некӯш? Бедор шав аз хобу нигаҳ кун, ки дигар бор Бедор шуд ин даҳр, шуда беҳушу мадҳуш. Боғе, ки буд аз барф чу ганҷинаи наддоф, Бингар-ш ба дебои мухаллақшуда чун Шуш. В-ин кӯҳи бараҳнашударо боз нигаҳ кун, Афканда парандин салабе бар китифу дӯш. Барбаста гул аз шуштарии сабз ниқобе В-олуда ба кофуру ба шангарф буногӯш. Бар олам чашми дил бигмор ба ибрат, Мадҳуш чаро мондаӣ, эй мудбири беҳуш? Дар боғ падид омад минӯи Худованд, Биндешу муқирр ой ба Яздону ба минӯш. Бингар, ки чӣ гӯяд-т ҳаме гунбади гардон, Гуфтори ҷаҳонро ба раҳи чашмат бинюш. Гӯяндаи хомӯш ба ҷуз нома набошад, Бишнав сухани хуб зи гӯяндаи хомӯш. Гӯяд-т ҳаме, гарчи дароз аст туро умр, Бигзашта шумур яксара чун дӯшу парандӯш. Донӣ, ки бақо нест магар умр, пас ӯро Бар чиз фаное мадеҳ, эй ғофилу мафрӯш, Ин ориятӣ тан адуи туст, адуро Доно нагирад хира чунин танг дар оғӯш. В-ар ориятӣ боз ситонад-т, ту рухро Бар ориятӣ ҳеч бимахрошу бимахрӯш. Аз меши тани хеш ба тоат чу хирадманд Дар илму амал фоидаи хеш ҳамедӯш. З-ин хонаи алфанҷ в-аз ин маъдани кӯшиш Баргир, ҳало, зоду марав лоғару дарюш. Парҳез ҳамеварз дар алфағдани дониш, Доим зи раҳи чашму раҳи гӯш ҳамекӯш. Бо тоату бо фикрат хилват кун, азеро-к Машғул шудастанд сафеҳон ба халолӯш.