Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ҷаҳонро дигаргуна шуд кору бораш,

Ҷаҳонро дигаргуна шуд кору бораш, Бар ӯ меҳрубон гашт суратнигораш. Ба дебо бипӯшид Наврӯз рӯяш, Ба лӯълӯъ бишуст абр гард аз узораш. Ба найсон ҳаме қуртаи сабз пӯшад, Дарахте, ки обон бурун кард изораш. Гаҳе дурр борад, гаҳе узр хоҳад, Ҳамон абри бадхӯи кофурбораш. Кӣ кард ин каромат ҳамон бустонро. Ки баҳман ҳамедоштӣ хору зораш? Пур аз ҳалқа шуд зулфаки мушкбедаш, Пур аз дурри шаҳвор шуд гӯшвораш. Ба саҳро бигустард найсон бисоте, Ки ёқут пуд асту пирӯза тораш. Гар Артанг хоҳӣ, ба бустон нигаҳ кун, Ки пурнақши Чин шуд миёну канораш. Дирам хоҳӣ, аз гулбунонаш гузар кун, Вашӣ боядат, магзар аз ҷӯйбораш. Чаро гар муваҳҳид нагаштаст гулбун, Чунин дар биҳишт аст ҳолу қарораш? Ва гар оташ аст андар абри баҳорӣ, Чаро оби ноб аст бар мо шарораш? Шикам пур зи лӯълӯи шаҳвор дорад, Машав ғарра хира ба рӯи чу қораш. Нигаҳ кун бад-ин корвони ҳавоӣ, Ки кофуру дурр аст якрӯя бораш. Суи бӯстонаш фиристода дарё, Ба дасти сабо дода гардун миҳораш. Кӣ дидаст ҳаргиз чунин корвоне, Ки ҷуз қатра боре надорад қатораш? Ба соли нав эдун шуд ин солхӯрда, Ки бархост аз ҳар сӯе хостораш? Чу ҳавро кӣ орост ин пирзанро? Ҳамон кас, ки орост перору пораш. Канора кунад з-ӯ хирадманд мардум, Нагирад, магар ҷоҳил, андар канораш. Дурӯғ аст гуфторҳо-ш, эй бародар, Ба ҳар ч-ат бигӯяд, мадор устувораш.