Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Ин бози сияҳпеса нигар бе пару чангол,

Ин бози сияҳпеса нигар бе пару чангол, К-ӯ ҳеч на ором ҳамеёбаду на ҳол. Бе он ки бибиниш ту, хуш-хуш бирабояд Гоҳе зану фарзанду гаҳе ҷону гаҳе мол. Чун бар ту ҳаме тез кунад чанг, пас ӯро Ҷӯянда чароӣ ту ба дандону ба чангол? Парри туву боли ту ҷавонию ҷамол аст В-ин боз нахоҳад ба ҷуз ин парру ҷуз ин бол. Гаҳ манзару қадди санамеро шиканад пушт, Гаҳ манзару кохи маликеро кунад атлол. Аҳвол дигар гардад аз ӯ бар ману бар ту, Ҳамвора нахоҳад шудан ӯро дигар аҳвол. Парҳез, ки з-ӯ пирии ғул асту мар-ӯро На гардану даст асту на қайд асту на ағлол. Монандаи морест, ки нимеш сапед аст Аз сӯи сару зишту сиёҳ аст ба дунбол. Бо мардуми ҳушёр фасеҳ аст, агарчанд Гунг аст суи бехираду бесухану лол. Рӯзу маҳу солаш накунад паст, азеро-к Поянда бад-ӯ паст шуда рӯзу маҳу сол. Эй хоҷа, аз ин бозу аз ин мор ҳазар кун, Зеро алифи пушти ту з-инҳост шуда дол. Бингар, ки бадал кард ба имрӯз туро дӣ, Мар-пори туро бор ҳам ӯ кард ба имсол. Дидӣ, ки на ам будию на хол касеро, Ӯ кард туро амму ҳам ӯ кард туро хол. Бингар, ки куҷо хоҳадат ин боз ҳамебурд, Девона мабош, об мапаймой ба ғирбол. Молида шудӣ дар талаби мол чу тасма, То кай занӣ андар талаби мол кунун фол? Акнун, ки наёмад-т ба каф молу шудат умр, Эй бехирад, ин даст бар он даст ҳамемол. З-ин ҷой чу чипол тиҳидаст бурун рафт. Маҳмуд, ки чандон биситад мол зи чипол. Он ҷоҳу ҷалолат, ки ба молат бувад имрӯз, Он суи хирадманд на ҷоҳ асту на иҷлол. Ҷоҳею ҷалоле, ки ба сандуқ дарун аст, Ҷоҳею ҷалолест гаронсангу пурохол.