Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Гусастам зи дунёи ҷофӣ амал.

Гусастам зи дунёи ҷофӣ амал. Туро бод банду кушоди амал. Ғизолу ғазал ҳар дувон мар-туро, Наҷӯям ғизолу нагӯям ғазал. Маро, эй писар, умркӯтоҳ кард Фарохий умеду дарозий амал. Замона ба кирдори маст уштуре Маро паст биспард зери сабал. Басе дидам эъзозу иҷлолҳо Зи хоҷай ҷалилу амири аҷал. Валекин надорад маро ҳеч суд Амири аҷал, чун биёяд аҷал. Агар орият бозхоҳад зи мо, Замона на ҷанг ояду на ҷадал. Чунон-к омадӣ, рафт бояд ҳаме Ба тақдири Эзид, таъолову ҷал. Тиҳӣ рафт хоҳӣ чунон-к омадӣ, Бимонад ҳаме молу мулку сақал. Марав муфлис он ҷо, ки маълуми туст, Ки мар-муфлисонро набошад маҳал. Чу варза ба абкора берун шавад, Яке нон бигирад ба зери бағал. Ту бетӯша хоҳӣ ҳаме бар шудан Аз ин тира марказ ба чархи Зуҳал? Пашизе, ки имрӯз бидҳӣ зи дил, Дирамме-т бидҳанд фардо бадал. Валекин касе, к-ӯ надодаст дӯғ, Чаро дорад уммеди ширу асал? Ба Бағдод рафтӣ, бидеҳ ним суд, Буридӣ басе барру баҳру ҷабал. Худоят якеро ба деҳ ваъда кард, Бидеҳ, гар надорӣ ба дил-дар халал. Ҷаҳон ҷои алфанҷи ғаллай ту аст, Чӣ бекор бошӣ дар ин мустағал? Ҷаҳонро ба сояй дарахте заданд Ҳикимони ҳушёру дономасал. Бипарҳез аз ин бевафо соя, з-он-к Басе донад ин соя макру ҳиял.