Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Монда ба Юмгон, ба миёни ҷибол,

Монда ба Юмгон, ба миёни ҷибол, Нестам аз аҷзу на низ аз калол. Яксара ушшоқ мақоли мананд Дар гаҳу бегаҳ ба Хуросон риҷол. В-аз сухану номаи ман гашт хор Номаи Мониву нигораш нукол. Номи суханҳои ман аз назму наср Чист суи доно? – Сеҳри ҳалол. Гар шунавандӣ ҳаме ашъори ман, Гунг шудӣ Рӯъбату Аҷҷоҷ лол. В-ар ба Замин омадӣ аз чарх Тир, Бар қалами ман шуда будӣ иёл. В-ар ба гумон аст дили ту дар ин, Чошниям гир, чӣ бояд ҷидол? Ҷуз сухани ман зи дили оқилон Мушкилу мубҳамро н-орад завол. Хира накардаст диламро чунин На ғами ҳиҷрону на шавқи висол. Ишқ муҳол асту набошад ҳагирз Хотири пурнур маҳалли муҳол. Назм нагирад ба дилам-дар ғазал, Роҳ нагирад ба дилам-бар ғизол. Аз чу мане сайд наёбад ҳаво, Зишт бувад шер шикори шагол. Нест ҳаворо ба дилам-дар мақар. Нест маро низ ба гардиш маҷол. Дил ба масал нолу ҳаво оташ аст, Дур беҳ аз оташи сӯзанда нол. Нест дар ин кунҷу дар ин низ ганҷ, Н-омадам ин ҷой зи баҳри манол. Мол наҷустаст ба Юмгон касе, З-он ки набудаст дар ин ҷой мол. Низ дар ин кунҷ маро кас набуд Хешу на ҳамсояву на амму хол. Бал чу ҳизимат шудам аз пеши дев, Гуфт маро бахтам аз ин ҷо таъол. Бо дили ранҷур дар ин тангҷой Мӯниси ман ҳубби расул асту ол.