Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Пирӯзаранг доираи осиёмисол,

Пирӯзаранг доираи осиёмисол, Бозигарест нодираву халқ чун хаёл. Гоҳе ба ҳила хок фурӯшад ба ҷои мушк, Зӣ ӯ машав, ки то нашавӣ бар хирад вабол. Мастон атои ӯ, ки ҳақир асту бесубот, Манюш қавли ӯ, ки дурӯғ асту ифтиол. Гӯянд дар масал набувад ройгон гарон, Машнос дар матои ҷаҳон ройгон иёл. Аз хок нур ҷӯю зи гетӣ вафо маҷӯй, Гар оқилӣ, мабар ба дари соилон суол. Эй бевафо замона, чӣ ҷӯӣ ҳаме зи ман, К-аз бас муҳолҳо-т маро дигар аст ҳол. Он рӯзгор чун шуду он дӯстон куҷо, Дидорашон ҳаром шуду ёдашон ҳалол. Он дӯстон, ки хонаи мо қибла доштанд, Аз баҳри чӣ зи ман бибуриданд қилу қол? Эй боди аср, агар гузарӣ бар диёри Балх, Бигзар ба хонаи ману он ҷой ҷӯй ҳол. Бингар, ки чун шудаст пас аз ман диёри ман, Бо ӯ чӣ кард даҳри ҷафоҷӯи бадфиол. Тарсам, ки зери пои замона хароб гашт, Он боғҳо хароб шуд, он хонаҳо талол. Бингар, ки ҳаст мункири ман бо бародарам, Дорад чунон, ки дошт ҳаме бо ман иттисол. Ё рӯзгор бар сари эшон сипаҳ кашид, Машғул кардашон зи ман офоту эҳтимол, Аз ман бигӯй, чун бирасонӣ саломи ман, Зӣ қавми ман, ки нест маро хуб кору ҳол. Қавми маро бигӯй, ки даҳр аз паси шумо Бо ман накард ҷуз баду нанмуд ҷуз малол. Аз гашти рӯзгору ҷафои ситорагон Гаштаст чун ситора маро хӯй чун шамол. Бар он ақиқи ман сипаҳ овард заъфарон, То сохтаст бо алифи ман чу доли зол. З-оби мижа ғариқаму з-оташ ба дил ҳариқ, Чун най зи бун шудаст танам зору нол-нол. Гаҳ нол ғарқа бошаду гаҳ сӯхта шавад, Эй тан, манол аз ин, ки чунин аст кори нол.