Гиромӣ чу молу қавӣ чун ҷибол,
Гиромӣ чу молу қавӣ чун ҷибол,
Накӯ чун ҷавониву хуш чун ҷамол.
Куҳангашта, эй тан, наӣ, бал навӣ,
Фазоянда дар гардиши моҳу сол.
Аз ӯ ношуда ҳоли дӯшизагӣ,
Валекин насуда мар-ӯро риҷол.
Ҳам ӯ мояи зӯҳду дини ҳудо,
Ҳам ӯ мояи куфру ширку залол.
Раҳоӣ наёбад ҳам аз марги хеш,
Мубориз чу оҷиз шавад дар қитол.
Ҳар он гаҳ, к-аз ӯ бозмонад хатиб,
Физояд бар ӯ бесуолӣ суол.
Фузунтар шавад, чун дутоӣ кунам-ш,
Дуто чун кунандаш, бикоҳад давол.
Ҳамаш гарму ҳам сард хоҳӣ, валек
Мадонаш на оташ, на оби зулол.
Сари мояи моли марди ҳаким,
Валекин надуздад-ш аз ӯ кас чу мол.
Чӣ чиз аст, чизест ин, к-аз шараф
Расулаш лақаб дод сеҳри ҳалол.
Арӯси суханро надодаст кас
Ба ҷуз Ҳуҷҷат ин зебу ин болу ёл.
Сухан, чун манаш пеш хондам, зи фахр,
Ба сад андаромад зи саффунниол.
Сухан каргаси пири парканда буд,
Ба ман гашт товуси бопару бол.
Ба ман тоза шуд пажмурида сухан,
Чу з-афсуни Юсуф Зулайхои зол.
Ба олӣ фалак баркашад сар сухан,
Зи бас фахр, чун ман-ш гӯям: «Таъол».
Ба қалъай суханҳои нағз-андарун
Наёмад беҳ аз табъи ман кӯтвол.
Маро бар сухан подшоҳию амр
Зи ман нест, балк аз расул асту ол.
Маро ҷуз ба таъйиди оли расул
На тасниф буду на қилу на қол.
Имоми замон вориси Мустафо,
Ки Яздон-ш ёр асту халқаш иёл.