Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Лашкари пирӣ фиканду қофилаи зул

Лашкари пирӣ фиканду қофилаи зул Ногаҳ бар соъидайну гардани ман ғул. Ғулғул бошад ба ҳар куҷо, сипаҳ ояд В-ин сипаҳ аз ман бибурд яксар ғулғул. Шод мабодо ҷаҳон ҳагирз, ки ӯ кард Шодиву иззи маро бадал ба ғаму зул. Нафсам чун нол буду ҷисмам чун кӯҳ, Кӯҳ шуд он нолу нол каҳ ба табаддул. Нек нигаҳ кун, гар устувор надорӣ Шахси чу нолам, ки буд чун куҳи Барбул. Сию ду дуррам, ки суст кард замона, Сахт куҷо гардад аз ҳалилаи Кобул? Қаддам чун тир буд, чафтакамон кард, Тири маро тиру дай ба ранҷу таҳомул. Аз сару рӯям фалак ба оби шабу рӯз Пок фурӯ шуст бӯю гунаи сунбул. Эй мутағофил, ба кори хеш нигаҳ кун, Чанд гузорӣ ҷаҳон чунин ба тағофул? Ҷузви ҷаҳон аст шахс, мардум рӯзе Боз шавад ҷузв, бегумон, ба суи кул. Гар-т бипурсад зи кардаҳо-т Худованд, Рӯзи қиёмат, чӣ гӯияш ба сари пул? Чунки наяндешӣ аз сарое, к-он ҷо Бо ту наёяд сарою молу таҷаммул? Дафтар пур кун зи феъли нек, ки якчанд Балбала кардӣ туҳӣ ба ғулғули булбул. Аспат бо ҷуллу бурқаъ-ст, валекин Бо ту наёяд на аспу бурқаъу на ҷул. Маркаби некӣ-тро ба ҷулли вафоҳо Пеши Худованд каш ба дасти тафаззул. Пеши кӣ бирбоядат зи маъдани алфанҷ Саъбу ситамгар уқоби марг ба чангул? Сому Фаридун куҷо шуданд, нагӯӣ Баҳману Баҳроми Гӯру Ҳайдару Дулдул? Нӯзару Ковус агар намонд ба Истахр, Рустами Зовул намонд низ ба Зовул. Пок фурӯ хӯрдашон наҳанги замона, Рӯй ниҳодаст сӯи мо ба таъомул.