Ин рӯзгори бехатару кори бенизом
Ин рӯзгори бехатару кори бенизом
Вом аст бар ту, гар хабарат ҳаст, вом, вом.
Бар ту муваккаланд бад-ин вом рӯзу шаб,
Бояд-т боздод ба ноком ё ба ком.
Дил бар тамом тӯхтани вом сахт кун,
Бо ин ду вомдор туро кай равад давом?
Андар ҷаҳон тиҳитар аз он нест хонае,
К-аз вом кард мард дар ӯ фаршу устом.
Шум аст мурғи вом мар-ӯро магир сайд,
Бешом хуфта беҳ, ки ту аз вом хӯрда шом.
Рафтан-т сӯи шаҳри аҷал ҳаст рӯз-рӯз,
Чун рафтани ғариб суи хона гом-гом.
Ҷӯй асту ҷар бар раҳи умрат зи дардҳо,
Раҳ пур зи ҷарру ҷӯю ҳаво сарду тирафом.
Лекин ту ҳеч сер нахоҳӣ ҳаме шудан,
З-ин ҷарру ҷӯю кӯфтану роҳи бенизом.
Ҳар рӯз рӯзгор навиде дигар диҳад-т,
К-онро ҳагирз дид нахоҳӣ ҳаме хиром.
Эҳсон чаро кунию тафаззул ба ҷои он-к
Фардо ба рӯзи ҷангу ҷафо баркашӣ ҳусом?
Ҳар к-ӯ қарини туст, набинад зи ту магар
Кирдорҳои нохушу гуфторҳои хом.
Эй рӯзгор, чун ки навидат ҳалол гашт
Морову гашт моли ҳалолат ҳаме ҳаром.
Гуфторҳо-т ман ба тамомӣ шунудаам,
Зеро ки ман забони ту донам ҳаме тамом.
Безорам аз туву ҳама ёрон-т, мар-маро
То ҳашр бо шумо на алайк асту на салом.
Дар кори хеш оҷизу дармонда нестам,
Фазли маро ба ҷумла муқирранд хосу ом.
Лекин маро ба гурсунагӣ сабр хуштар аст
Бар ёфтан зи дасти фурӯмоягон таъом.
Бо оби рӯй ташна бимонӣ аз оби ҷӯй,
Беҳ чун зи баҳри об занӣ бо харон латом.
Аз чошт то ба шом туро нест эминӣ,
Гар мар-турост мамлакат аз Чоч то ба Шом.
Озодаву карим биёлояд аз лаим,
Чун домани қабо-т напӯшонӣ аз лиом.