Дил з-ифтиоли аҳли замона мало шудам.
Дил з-ифтиоли аҳли замона мало шудам.
З-эшон ба қавлу феъл азеро ҷудо шудам.
То ҳамчу Амру Зайд маро кӯр буд дил,
Айбам накард ҳеч касе, ҳар куҷо шудам.
Гоҳе зи дарди ишқ паси хубчеҳрагон,
Гоҳе зи ҳирси мол паси кимиё шудам.
На бок доштам, ки ҳаме умр шуд ба бод,
На шарм доштам, ки ҳаме зӣ хато шудам.
Вақти хазон ба бори разон шуд дилам фарох,
Вақти баҳор шод ба обу гиё шудам.
Ин осиё давону дар ӯ ман нишаста паст,
Эдун сапедсор дар ин осиё шудам,
Пиндоштам, ки даҳр чарогоҳи ман шудаст.
То худ сутурвор мар-ӯро чаро шудам.
Гар ҷавр кард, боз дигар бор сӯи ӯ
Майхоравор аз паси паймонаҳо шудам.
Якчанд гоҳ дошт маро зери банди хеш,
Гаҳ хубҳолу боз гаҳе бенаво шудам.
В-аз ранҷи рӯзгор чу ҷонам сутӯҳ гашт,
Якчанд бо сано ба дари подшо шудам.
Гуфтам: «Магар, ки дод биёбам зи деви даҳр»,
Чун бингаристам, зи ано дар бало шудам.
Сад бандагии шоҳ бибоист карданам
Аз баҳри як умед, к-аз ӯ ме раво шудам.
Ҷуз дарду ранҷ ҳеч нагардид ҳосилам
З-он кас, ки сӯи ӯ ба умеди шифо шудам.
В-аз моли шоҳу мир чу навмед шуд дилам,
Зӣ аҳли тайласону амома-в ридо шудам.
Гуфтам, ки роҳи дин бинамоянд мар-маро,
Зеро ки з-аҳли дунё дил пурҷафо шудам.
Гуфтанд: «Шод бош, ки растӣ зи ҷаври даҳр»,
То шод гашт ҷонаму андар дуо шудам.
Гуфтам: «Чу номашон уламо буду ҳол хуб,
К-аз дасти фақру ҷаҳл чу эшон раҳо шудам.
То чун ба қолу қилу мақолоти мухталиф
Аз умр чанд сол миёншон фано шудам».
Гуфтам: «Чу ришва буду риё моли зӯҳдашон,
Эй кирдгор, боз ба чӣ мубтало шудам?