Эй бор Худои кирдгорам,
Эй бор Худои кирдгорам,
Ман фазли туро сипос дорам,
Зеро ки ба рӯзгори пирӣ
Ҷуз шукри ту нест ғамгусорам.
Ҷуз гуфтани шеъри зӯҳду тоат
Сад шукр туро, ки нест корам.
Тавфиқ диҳам бар он, ки дар дил
Ҷуз тухми ризои ту накорам.
Рози дили ҳар касе ту донӣ,
Донӣ, ки чӣ гуна дилфигорам.
Донӣ, ки чӣ гуна ман ба Юмгон
Танҳову заифу хору зорам.
Майхора азизу шоду ман з-он-к
Май менахурам, нажанду хорам.
Аз бими сипоҳи Бӯҳанифа
Бечораву монда дар ҳисорам.
Зеро ки ба дӯстий расулат
Зӣ лашкари ӯ гуноҳкорам.
Дар дӯстии расулу олаш
Бар меҳнат пой мефишорам.
Ту дод диҳӣ ба рӯзи маҳшар
З-ин як рама гови бефасорам.
Бо ин рамаи сутури гумраҳ
Ҳаргиз наравам, на ман ҳиморам.
Ҳарчанд ба хубу хуш суханҳо,
Хурмои азизу хушгуворам.
Зӣ ома чу хор хорам, эро-к
Дар дидаи кӯри ома хорам.
З-ин як рама гургу хирси гумраҳ,
Ё раб, ба ту аст зинҳорам!
Эй ёри набиду руду соғар,
Ман ёри ту буд менаёрам.
Зеро ки мар-ин се ёри бадро
Эй хоҷа, ту ёру ман на ёрам.
Мастӣ туву маст маст хоҳад,
Бо ман чӣ чахӣ, ки ҳушёрам?
Рав ту ба қатори хеш, азеро-к
Ман бо ту, шутур, на дар қаторам.