Эй аҷаб, ар душмани ман худ манам,
Эй аҷаб, ар душмани ман худ манам,
Хира гила чун кунам аз душманам?
Душмани ман ин тани бадмеҳри маст
Карда гиреҳ доман бар доманам.
Воям аз ин душмани бадхӯ, ки ҳеч
З-ӯ нашавад холӣ пироҳанам,
Ҷома бидарранд аз аъдову он-к
Ҷома-ш бидрид зи худ, худ манам.
Душмани ман чоҳеву тира-сту ман
Бартар аз ин тезраву равшанам.
Ин фалакӣ ҷони маро шаст сол
Дошт дар ин зиндон чоҳи танам.
Гар нашудам ошиқу бедил, чаро
Монда ба чоҳ-андар чун Бежанам?
Чунки дар ин чоҳ чу нодон ба бод
Дода табар дар талаби сӯзанам.
Нест ҷуз он рӯй, ки дил з-ин хасис
Хуш-хуш, беранҷу ҷафо барканам.
Пеш аз ин сифла ба чоҳ уфтад,
Ман сар аз ин чаҳ ба фалак бар кунам.
Дар талаби донишу дин чанд гоҳ
Домани мардӣ ба камар барзанам.
Гирди касе гардам, к-аз банди ҷаҳл
Тоаташ озод кунад гарданам.
Он ки чу оби хуш илмаш бикард
Аз тааби оташи ҷаҳл эминам.
То тани ман тоати ӯ ёфтаст,
Дев нагаштаст ба пироманам.
То тани ман гашт ба пироманаш,
Тоати ман дорад Оҳарманам.
Пешрави халқ пас аз Мустафо
К-аз паси ӯ фахр бувад рафтанам.
Булҳасан он маъдани эҳсон, к-аз ӯ
Дил ба сухан гаштаст обистанам.
Гар-т ба симу зари дин ҳоҷат аст,
Бар сари ҳар ду ман аз ӯ хозинам.
Оламу афлок наярзад ҳаме
Бе сухани ӯ ба яке арзанам.