Понздаҳ сол баромад, ки ба Юмгонам,
Понздаҳ сол баромад, ки ба Юмгонам,
Чуну аз баҳри чӣ? Зеро ки ба зиндонам.
Ба ду бандам ман, азеро ки мар-ин ҷонро
Ақл бастасту ба тан бастаи девонам.
Чӣ аҷаб, гар надиҳад дев маро гардан?
Сарварияш чӣ кунам, ман на Сулаймонам.
Мар-маро онҳо доданд, ки Салмонро
Нестам ман чу Сулаймон, ки чу Салмонам.
Ҳамчу Хуршеди мунаввар суханам пайдост,
Гар ба фарсуда тан аз чашми ту пинҳонам.
Нур гирад дилат аз ҳикмати ман чун Моҳ,
Ки дилатро ман Хуршеди дурафшонам.
Кони илму сухани ҳикмат Юмгон аст,
То ман, эй марди хирадманд, ба Юмгонам.
Гар дигар гашт танам, нест аҷаб, зеро-к
Аз тани пир дар ин гунбади гардонам.
Аз раҳи дин, ки ба ҷон аст, нагаштастам,
З-он ки дар зери фалак нест чу тан ҷонам.
Мар-маро гӯӣ: «Чун ҳеч бурун н-оӣ?»
Чӣ накӯҳим, гар аз дев гурезонам?
Чунки бо гову харам сӯҳбат фармоӣ,
Гар ту донӣ, ки на гавбону на харбонам?
Бо гурӯҳе, ки биханданду бихандонанд,
Чӣ кунам, чун на бихандам, на бихандонам.
В-ар бар ин қавм бихандам, чу биёзорам,
Пас, бар ин ханда ҷуз озор нахандонам.
Аз ғами он ки дӣ аз баҳри чӣ хандидам,
Худ ман имрӯз ба дил хаставу гирёнам.
Ханда аз бехирадӣ хезад, чун хандам?
Чун хирад сахт гирифтаст гиребонам?
Наравам низ ба коми тани бедониш,
Чун равам, низ чу аз рафта пушаймонам.
Тоза рӯям ба масал лолаи нӯъмон буд,
Коҳи пӯсида шуд он лолаи нӯъмонам.
Гар ба боди ту кунам хирмани худро бод,
Набувад фардо ҷуз бод дар анбонам.
Чун наяндешам, к-аз баҳри чиро бастаст
Андар ин колбади сохта Яздонам?