Аз ман бирамид ғамгусорам,
Аз ман бирамид ғамгусорам,
Чун дид заифу хингсорам.
Гирди дари ман ҳаме наёрад,
Гаштан на рафиқаму на ёрам.
З-ин орази ҳамчу парри шоҳин
Шояд ки ҳазар кунад шикорам.
Нашнохт маро рафиқи порин,
Зеро ки чунин надид порам.
Чун чанбари чафта дид, азеро
Ин қадди чу сарви ҷӯйборам.
В-аз талъати ман замон ба зарроб
Шуст он ҳама сурату нигорам.
Гар гӯямаш, ин ҳамон нигор аст,
Тарсам, ки надорад устуворам.
Бо ҷаври замона ҳеч ҳилат
Ҷуз сабр надораму надорам.
З-ин дев чу ҷоҳилон натарсам,
Зеро ки наёяд ӯ ба корам.
Яздон-ш надод ҳеч дасте
Ҷуз бар тану пайкари низорам.
Кард он чи тавон-ш буду тоқат,
Бо ин тани пири пуруворам.
Кофури сапед гашт ногаҳ
Ин анбари тар бар ин изорам.
Ин тан садаф асту ман бад-ӯ дар
Монандаи дурри шоҳворам.
Чун дурри тамом гардам, он гаҳ
Ин тира садаф бад-ӯ супорам.
Ҷуз илму амал ҳаме наварзам,
То баста дар ин ҳасин ҳисорам.
Тимор надорам аз замона,
Осон-ш ҳаме фурӯ гузорам.
То рӯй ба сӯи ман наёрад,
Ман рӯй ба сӯи ӯ наёрам.
Дар дасти амиру шоҳ надҳам,
Бар орзуи меҳӣ миҳорам.
З-ин пок шудасту бехиёнат
Ҳам доману дасту ҳам изорам.