Агар бо хирад ҷуфту андарх(в)арем,
Агар бо хирад ҷуфту андарх(в)арем,
Ғами хӯр чу хар чанду то кай х(в)арем?
Сазад, к-аз харӣ дур бошем, аз он-к
Худованду солори гову харем.
Агар хар ҳаме кишти холӣ чарад,
Чаро мо на аз кишти боқӣ чарем?
Чӣ фазл оварем, эй писар, бар сутур,
Агар ҳамчу эшон хӯрему мурем?
Фурӯсӯ нахоҳем шуд мо ҳаме,
Ки мо бар сари гунбади ахзарем.
Гар аз илму тоат барорем пар,
Аз ин ҷо ба чархи барин барпарем.
Ба чархи барин барпарад ҷони мо,
Гар ӯро ба хӯрҳои дин парварем.
Наем эдарӣ мо ба ҷону хирад
В-агарчанд якчанд гоҳ эдарем.
Ба занҷири унсур бибастандамон,
Чу девонагон з-он ба банд андарем.
Бале, банду зиндони мо унсурист
В-агарчанд мо фитнаи унсурем.
Ба банди сутурӣ-дарун бастаем,
В-агарчанд баста бад-он гавҳарем.
Ба зиндони пешин дарун нестем,
Набинӣ, ки бар сурати дигарем?
Набинӣ, ки аз бетамизӣ сутур
Чу бебар чанор асту мо барварем?
Чу аръар нигунсор монда наем,
Агарчанд бо қомати аръарем.
Чаро банда шуд-мон дарахту сутур,
Биё, то ба кор-андарун бингарем.
Сазад, гар чу ин ҳар ду машғули хӯр
Набошем, азеро ки мо беҳтарем.
Сар аз чархи нилуфарӣ баркашем,
Ба дониш, ки донанда нилуфарем.
Ба дониш раги макру зангори ҷаҳл
Зи бун бигсалему зи дил бистурем.
Ба бедоду бедодгар награвем,
Ки мо бандаи довари акбарем.