Ман дигарам ё дигар шудаст ҷаҳонам,
Ман дигарам ё дигар шудаст ҷаҳонам,
Ҳаст ҷаҳонам ҳамону ман на ҳамонам.
То-ш ҳамеҷустам, ӯ ба табъ ҳамеҷаст
Аз ману ман з-ӯ кунун ба табъ ҷаҳонам.
Пас, на ҳамонам ману ҷаҳон на ҳамон аст,
З-он ки ҷаҳон чун ман аст, ман чу ҷаҳонам.
Олам кон буду ман-ш чу зарру кунун ман
Зарри суханро ба нафси нотиқа конам.
Эй аҷабе халқро чӣ буд, ки эдун
Сахт битарсанд ме зи ному нишонам?
Оби касе рехта нашуд зи паи ман,
Нон ба ситам ман ҳаме зи кас наситонам.
Ҳеч ҷавонро ба қаҳр пир накардам,
Пас, ба чӣ душман шуданд пиру ҷавонам?
Хутба наҷустам ба Кошғарру ба Бағдод,
Бад ба чӣ гӯяд ҳаме халифаву хонам?
Гар тамаъе нестам ба хуну ба мурдор,
Чун ки чунин душманон шуданд сагонам?
Чист гуноҳам, ҷуз ин ки ман на чу эшон
Аз паси нодону миру шоҳ давонам?
Гар-т нахонам мадеҳи ту, ки амирӣ,
Низ ба меҳмону хони хеш махонам.
Гар ту нахонӣ маро, амир надонам-т
В-ар-т бихонам мадеҳ, мард мадонам.
Номаи озодӣ омадаст суи ман,
Пинҳон даршуд зи халқ дар дилу ҷонам.
Банд зи ман баргирифта омад, аз ин аст,
К-эч наҷунбад ҳаме ба пеш миёнам.
То ба ман ин миннат аз Худой напайваст,
Банда ҳамедоштӣ фалону фалонам.
Ранҷу анои ҷаҳон кашидаму акнун
Низ натобад суи анош инонам.
Ту, ки надонӣ-ш ҳам бар ӯ сипаси ӯ,
Ман, ки бидонистамаш, чӣ гуна надонам?
Сифла нагардад мутеъ, то-ш наронӣ,
Сифла ҷаҳонро аз ин ҳамеша биронам,
Сифла ҷаҳонро ба сифлагон-ш супурдам.
К-ӯ ба сароиш чунон ки з-ӯ ба фиғонам.