Аз сӯҳбати халқ дил гусастам,
Аз сӯҳбати халқ дил гусастам,
Андеша надими дил бас астам.
Дар оби нумедӣ он ридоро,
К-аш тамъ тироз буд, шустам.
Чун соя ҷаҳон паси ман омад,
Чун дид, ки ман аз ӯ биҷастам,
Ҷӯяндаи ҷаста гашт в-аз ман
Меҷаст ҳаме, чу ман-ш ҷустам.
Он дев, ки пеши ман ҳамерафт,
Бар пой бимонду ман нишастам.
Бар гардани ман нишаста будӣ
В-акнун-ш ба зери пой хастам.
Баргашт зи ман, бишуст дасташ,
Чун шуста шуд аз ҳавош дастам.
Лекин нараҳам ҳаме зи қавмаш,
Ҳарчанд зи макри ӯ биҷастам.
Якчанд миёни ҷамъи девон
То кӯр будам, чу дев зистам.
Аз лашкарашон сипас намондам,
То буд, чу коҳашон сипистам.
Лекин бибурид девам аз ман,
Чун дид, ки ман чун ӯ на мастам.
Ман дасти ҳаво ба ҳабли ҳикмат
Бастам ба сазову сахт бастам.
Бар чарх расид бонгу номам,
Мангар ба ҳадиси нарму пастам.
Ин уммати бутпарастро бин,
Овехта ҳалқашон ба шастам.
Хоҳанд ҳаме, ки ҳамчу эшон
Ман ҷуз, ки Худойро парастам.
Валлаҳ, ки ҳаме нахӯрд хоҳам
Бо шаккари бутпараст пистам.
Дар ман нарасанд аз он, ки беш аст
Аз қомати ӯ ҳаме ба дастам.
Дар ман чӣ расанд аз он, ки беш аст,
Аз шашсадашон ба фазл шастам.
Чун ман набувад касе, ки беш аст,
Аз қомати ӯ басе ба дастам.