Шояд, ки ҳолу кор дигарсон кунам,
Шояд, ки ҳолу кор дигарсон кунам,
Ҳар-ч он беҳ аст, қасд суи он кунам.
Олам ба моҳи найсон хуррам шудаст,
Ман хотир аз тафаккур найсон кунам.
Дар боғу роғи дафтари девони хеш
Аз назму наср сунбулу райҳон кунам.
Мева-в гул аз маъонӣ созам ҳама
В-аз лафзҳои хуб дарахтон кунам.
Чун абр рӯи саҳро бустон кунад,
Ман низ рӯи дафтар бустон кунам.
Дар маҷлиси мунозира бар оқилон
Аз нуктаҳои хуб гулафшон кунам.
Гар бар гулеш гарди хато бигзарад,
Он ҷо зи шарҳи равшан борон кунам.
Қасре кунам қасидаи худро дар ӯ
Аз байтҳош гулшану айвон кунам.
Ҷое дар ӯ чу манзара олӣ кунам,
Ҷое фароху паҳн чу майдон кунам.
Бар даргаҳаш зи нодира баҳри арӯз
Якке амини доно дарбон кунам.
Мафъӯлу фоилоту мафоӣлу фаъ
Бунёди ин муборак бунён кунам.
В-он гаҳ мар-аҳли фазли ақолимро
Дар қасри хеш яксара меҳмон кунам.
То андар ӯ наёяд нодон, ки ман
Хона ҳаме на аз дари нодон кунам.
Хоне ниҳам, ки марди хирадмандро
Аз хӯрданӣ-ш оҷизу ҳайрон кунам.
Андар тани сухан ба мисоли хирад
Маънии хубу нодираро ҷон кунам.
Гар ту надидаӣ зи сухан мардумӣ,
Ман бар сухан-т сурати инсон кунам.
Ӯро зи васфи хубу ҳикоёти хуш
Зулфи хамидаву лаби хандон кунам.
Маънӣ-ш рӯй хуб кунам в-он гаҳе
Андар ниқоби лафзаш пинҳон кунам.
Чун рӯи хеш зӣ сухан орам ба қаҳр,
Пушташ ба пеши хеш чу чавгон кунам.