Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй ситамгар фалак, эй хоҳари Оҳирман,

Эй ситамгар фалак, эй хоҳари Оҳирман, Чун нагӯӣ, ки чӣ афтода туро бо ман? Нарм кардастияму зард чу зардолу, Қасд кардӣ, ки бихоҳим ҳаме хӯрдан. Ин ки шуд зарду куҳан, пираҳани ҷон аст, Пираҳан бошад ҷонрову хирадро тан. Орият доштам ин аз ту, то якчанд Пеши ту бифканам ин дошта пироҳан. Ман зи ҳарби ту чу Оҳирман кай тарсам? Ки маро тоат теғ асту хирад ҷавшан. Ман дил аз неъмату иззи ту чу баркандам, Ту дил аз тоату аз хидмати ман баркан. Зани ҷодуст ҷаҳон, ман нахарам зарқаш, Зан бувад он, ки мар-ӯро биферебад зан. Зарқи он занро бо Бежан нашнудӣ, Ки чӣ овард дар охир ба сари Бежан? Ҳамчун Бежан ба сияҳчоҳ дарун монӣ, Эй писар, гар ту ба дунё биниҳӣ гардан. Чун ҳаме бар раҳи Бежан равӣ, эй нодон, Пас, чӣ гӯӣ, ки набоист чунон кардан? Сӯҳбати ин зани бадгавҳару бадхӯро Гар биварзӣ, ту наярзӣ ба яке арзан. Сӯҳбати ӯ махару умр мадеҳ, зеро Ҷуз, ки нодон нахарад кас ба табар сӯзан. Тамаъи ҷон-т кунад, гарчи бад-ӯ кобин Ганҷи Қорун бидиҳӣ ё сипаҳи Қоран. Мар-маро пурс аз ин зан, ки маро бо ӯ Шаст ё беш гузаштаст даю баҳман. Хӯи ӯ ин аст, эй мард, ки доноро Нафурӯшад ҳама ҷуз макру дурӯғу фан. Кавдану хору хасис аст ҷаҳону хас, З-он насозад ҳам ҷуз бо хасу бо кавдан. Хоса, имрӯз набинӣ, ки ҳама эдун Бар сари халқ худоӣ кунад Оҳирман. Ба Хуросон-дар, то фарш бигустардаст, Гирд кардаст аз ӯ аҳду вафо доман. Халқро чарх фурӯ бехт, намебинӣ Хас бимондаст ҳама бар сари парвезан?