Чаро хомӯш бошӣ, эй сухандон?
Чаро хомӯш бошӣ, эй сухандон?
Чаро дар назм н-орӣ дурру марҷон?
Агар бар маркаби ҳикмат саворӣ,
Чаро н-ойӣ суи майдони мардон?
Ҷаҳонро дидаиву озмудӣ,
Шунидӣ гуфтаи тозию деҳқон.
Ба илми ҳандаса сар баркашидӣ
Ба Синду Ҳинду атрофи Хуросон.
Ба ҳангоми шуморат олами кавн
Ба зери фикр ҳамчун як сипандон.
Ба шарқу ғарб аз аҳли ин саноат
Гуво дорӣ бар ин даъво фаровон.
Кунун шодӣ, ки монӣ мардумонро,
Кунун бояд, ки фахр орӣ бар ақрон,
Ки кард аз хотири хоҷай Муайяд
Дари ҳикмат кушода бар ту Яздон.
Касеро, к-аш ба шогирдӣ нашояд,
Ба шогирдӣ нашоянд устодон.
Ҳар он, к-ӯро бибинад рӯзи маҷлис,
Бибинад ақлро сар дар гиребон.
Шаби ман рӯзи рахшон кард хоҷа
Ба бурҳонҳои чун Хуршед рахшон.
Суи ман хор шуд марги табиӣ
Аз он пас, к-ам чашонид оби ҳайвон.
Зи гӯшай манзари ӯ бингаридам,
Ба зери хеш дидам чархи гардон.
Маро бинмуд ҳозир ҳар ду олам
Ба як ҷо дар танам пайдову пинҳон.
Ба як ҷо Молику Ризвон бидидам,
Нишаста дар барам Фирдавсу Ризвон.
Маро гуфто, ки ман шогирди ӯям,
Ишорат кард он гаҳ сӯи Ризвон.
Бидидам ҳашт дар як ҷо бибаста,
Кушода ҳафт дар бар якдигаршон.
Зи ҳар дар, к-андар ӯ хоҳӣ шуд аввал,
Маро гуфто, к-аз ӯ бояд-т фармон.
Бипурсидам зи хоҷа шарҳи ин ҳол,
Сари қисса маро бинмуд поён.