Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Носири Хусрав
Носири Хусрав

Эй шуда машғул ба кори ҷаҳон,

Эй шуда машғул ба кори ҷаҳон, Ғарра чароӣ ба ҷаҳони ҷаҳон? Пайки ҷаҳонӣ ту, бияндеш нек, Сухра гирифтаст туро ин ҷаҳон. Аз паси хешат бидавонад ҳаме, Гаҳ суи Наврӯзу гаҳе зӣ хазон. Гар ту на девӣ, ба ҳама умри хеш Аз паси ин дев чароӣ давон? Пеши ту-дар меравад ӯ кинавар, Ту зи паси ӯ чӣ давӣ шодмон? Ҳеч натарсӣ, ки туро ин наҳанг Ногаҳ як рӯз кашад дар даҳон? Гар-т ба мағз-андар ҳуш асту рой Рӯй бигардон зи дурӯғи замон. Озат ҳар рӯз ба фардо диҳад, Ваъдаи чизе, ки набошад чунон. Пир шудат бар ғаму сахтию ранҷ, Бар тамаъи роҳат шахси ҷавон. Бар ту ба уммеди беҳӣ рӯз-рӯз Чарху замон мешумарад солиён. Душмани туст, эй писар, ин рӯзгор, Нест ба ту дар тамаъаш ҷуз ба ҷон. Каждум дорад басе аз баҳри ту Карда ниҳон зери хазу парниён. Эй шуда ғарра ба ҷаҳон, зинҳор, К-эмин биншинӣ аз ин баднишон. Ту ба дари ӯ шуда зинҳорхоҳ, Дашна ҳамемоладат ӯ бар фасон. Чун ту басе хӯрдаст ин аждаҳо, Ҳон, ба ҳазар бош зи дандон-ш, ҳон! Номаи шоҳони Аҷам пеш хоҳ Як раҳу бар худ ба тааммул бихон. Ку-т Фаридуну куҷо Кайқубод? Ку-т хуҷаста алами ковиён? Соми Наримон куву Рустам куҷост, Пешрави лашкари Мозандарон? Бобаки Сосон куву ку Ардашер, Ку-ст? На Баҳрому на Нӯшервон!